Ovozi.uz

Суруди дил ба дафтарҳо нағунҷад

Дар арафаи ҷашни мавлуди рӯзноманигори тозабаён, шоири нозукбаён ва олими донишманд Фозил Шукурӣ хостам чанд ҳарфе аз ниҳонхонаи дил барояшон эҳдо намоям. Ин нақшаи деринаи ман буд, вале китоби “Дилрӯшноӣ”, ки  шоир бо дастхати худ ба ман туҳфа фиристода буданд, такони тозае бахшид. Ин ҷо пеш аз он, ки дар бораи эҷоди Фозил Шукурӣ чизе гӯям чанд ҳарфе дар бораи падари он кас, ки ба ман ҳаққи устодӣ доранд, навиштанро ҷоиз донистам.

Ёди устод

Муаллим Муҳаммадҷон Шукуров яке аз устодони донишманди банда буданд, ки ба мо дар синфҳои болоӣ аз фанни математика дарс додаанд. Омӯзгори самимӣ, оромтабиат буданд. Диққати хонандагонро ба худ ҷалб намуда, роҳи ҳалли мисолро дар тахтаи синф нишон медоданд, “фаҳмидед” — гӯён мепурсиданд. Агар ҳама ором истанду ҷавоб надиҳанд, боз мефаҳмониданд… 14 сол сарвари мактаб буданд ва сиёсати ба худ хос доштанд.

Пас аз солҳои 2000-ум ба дастам китоби “Хоки пок”-и устод расид. Ростӣ ҳам хурсанд шудам, ҳам дар ҳайрат мондам. Ашъорашон хеле хубу дилпазир, хислатҳои неки инсонӣ мадҳ шуда, амалҳои зишт мазаммат мешаванд… Сипас китобҳои дигарашон “Субҳи содиқ” (2004), “Нахли пурсамар” (2017) чоп шудаанд. Китоби охиринашон, ки соли 2018 бо номи “Ифшои роз” чоп шуд, бо кӯшиши устод Абдуллоҳ Раҳмон тадбири бошукӯҳи тақдимоти ин китоб ва ҷашни 80-солагии омӯзгору шоир дар толори коллеҷи агросаноатии ноҳияи Сариосиё баргузор шуд.

Муҳаммадҷон Шукурзода соли 2020 дар синни 82-солагӣ олами фониро падруд гуфт.

Зери себ – себ меафтад

Фозилҷон Муҳаммадзода Шукуров (Фозил Шукурӣ) соли 1967 дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1984 пас аз хатми мактаби рақами 12. Солҳои 1985-1987 ҳамчун сарбоз дар Афғонистон хизмат кардааст. Солҳои 1988-1993 дар факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил гирифта, чанд муддат дар литсейи академии шаҳраки Шарғун, инчунин дар мактабҳои рақами 12 ва 56 омӯзгорӣ кардааст. Корманди рӯзномаҳои “Садои Сурхон”, “Сариосиё” муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Солҳои 2008-2012 дар шаҳри Москваи  Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Аз соли 2013 инҷониб дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” хидмат мекунад. Соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба сифати устод ба фаъолияти меҳнатӣ пардохт, ҳоло доктори фалсафа оид ба улуми филологӣ (PhD – 2021), дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ аст. Падари як духтар ва ду писар — Муҳаммадсобиру Муҳаммадюсуф, бобои меҳрубони ду нафар набераи дӯстрӯ мебошад.

Эҷодиёти  адиби  қадршинос

Фозил Шукурӣ шоири қадршинос буда, посдорандаи ёди поки бузургону ниёгон ва пайвандонаш мебошад. Китоби аввалини шоир “Тафсири дил” (Тирмиз, нашр. “Ҷайҳун” — 1999) ба хотираи поки хоҳараш Инобат (1969-1989) бахшида шудааст. Китобҳои дигараш “Оинавор” (Самарқанд — 2005), “Ҷойи пойи ашкҳо” (Самарқанд — 2007)-ро ба хотираи поки ниёгонаш Абдушукур Шарифзода, Камолиддини Ҳомид бахшидааст. Бобояш (ташкилкунанда ва аввалин раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Сариосиё) бо унвони Муллошукури Шарифзода (1898-1978) маъруф буда, дар мадраса таҳсил намудааст, шеър ҳам менавиштааст. Бо “айб”-и он ки Қуръонро нусхабардорӣ  намуда, ба мардум тӯҳфа мекардааст, дар замони тифлии Муҳаммадҷон як сол дар зиндони сталинӣ маҳбус шудааст. Маҷмӯаи чаҳоруми қаҳрамони мо – “Яъне, ту эй хубӣ!” (Тошкент — 2014) ба ёди поки додараш Масрур (1976-2008) бахшида шудааст.

Фозил Шукурӣ муаллифи монографияи “Бисотии Самарқандӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар асрҳои XIV-XV” (Cамарқанд-2021) мебошад. Устод соли 2023 бо кӯшишу заҳматҳои зиёд китоби пурарзиши дарсии “Забонҳои Шарқ (арабӣ)”-ро нашр намуд. Ӯ инчунин ҳамчун рӯзноманигору олим муаллифи чандин мақолаҳои илмӣ, дастурамалҳои таълимӣ- услубӣ, мусоҳибаҳо… низ мебошад.

“Дилрӯшноӣ”

Аввалҳои соли 2025 китоб “Дилрӯшноӣ” бо соядаст ба дастам расид. Китоби хеле хуб, босифат, 300 саҳифа… Аз мутолиааш шод гаштам, зеро аз он ашъоре, ки умеду орзуҳо, шодиву мақсадатонро изҳор мекунад, меёбед, ё сарводае, ки баёнгари дарду ормонҳои шумост, мавҷуд аст. Китоб аз 5 боб иборат буда, бобҳои он “Навгувора” (миқдори шеърҳо 88-то), “Каъбаи дил” (17-то), “Ҷон модару ҷонон падар” (12), “Ғазалвора” (102), “Яктоиҳо” (силсиламисраъҳо 30-то) номгузорӣ шудаанд. Ашъори ин маҷмӯа дар мавзӯъҳои эҳтироми волидайн, дӯстӣ, Ватан, забон, ирфон, гиромидошти бузургон, хештаншиносӣ, ишқ, мусофирӣ, табиат… эҷод шудаанд. Дар ҳақиқат мутолиаи китоб қалбро мунаввар сохт, ба дил рӯшноӣ овард. Дар дил гуфтам: “Офарин шоири дилошно, килкат ҳамеша сабз бод!”

Вожаи дил…

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” чунин оварда шудааст:

Дил – узви хунгардонист, ки дар тарафи чапи инсон… воқест. Инчунин ба чандин маънои маҷозӣ омадааст: ботину хотир, ҷону рӯҳ, фикр, хоҳиш, дилбар, далерӣ.. Аз хондаҳо ба ёд мерасад, ки Худованд чун инсонро офарид, 5 чизро дар 4 ҷойи инсон манзил дод: ақл дар сар, шарм дар чашм, қувват дар устухон, имону муҳаббат дар дил. Бинобар ҳам дар фолклор ва ҳам дар осори бузургонамон вожаи дил ҳамчун маскани меҳру муҳаббат, манзили умеду орзу, назаргоҳи Ҳақ, узви поки инсонӣ… ба қалам дода шудааст:

Маҳз калимаи дил дар ашъори Фозил Шукурӣ аз вожаҳои асосию серистеъмол ва калидӣ қарор гирифтааст. Шоир дар китоби мазкур ба 26 сарводааш дар қолаби калимаи мураккаб ё ибора чунон ном гузоштааст, ки дар он вожаи дил вуҷуд дорад: “дилогоҳ”, “сахидил”, “ҳабиби дил”, “чашми дил”, “дилкушо базме”, “ашки дил”…. Дар сарводаи “Дилрӯшноӣ” (саҳ… 153) муаллиф ин вожаро дар шакли “диле”, “қалб”, “бедилон”, “дилҳо” (ду бор) оварда, калимаҳои “дилошноӣ, дилрӯшноӣ, дилҷудоӣ, дилгароӣ, дилпорсоӣ, дилкушоӣ, диладоӣ, дилкифоӣ, дилгадоӣ”- ро қофияи шеър қарор додааст. Чанд намуна аз ашъори шоир бо истифода аз калимаи “дил”:

Ишқ, ки дар ҷону тан нуру зиё медиҳад,
Дил шуда оинасон тоза ҷило медиҳад.

***

Ҷӯш зад илҳоми Фозил, синаи хоро гудохт,
Чашмасон ҷорӣ шуд аз дил ин тағаззул нозанин.

***

Ин лафзро накӯ дор, ҳаргиз варо макун хор,
Фозил барорад аз дил овои тоҷикона.

***

Қурбони диле шав, ки ғаму чирк надорад,
Қурбони касе шав, ки ба Ҳақ ширк надорад.

Дар “Яктоиҳо”- яш низ намунаҳо вуҷуд доранд:

“Шеър аст оҳе, ки кашидӣ аз дили пурсӯзи худ”.

“Суруди дил ба дафтарҳо нағунҷад”.

“Зиндаҷисми мурдадилҳоро Худо раҳмат кунад”.

Бемуболиға метавон гуфт, ки Фозил Шукурӣ худ шоири софдилу дарёдил, соҳибдилу покдил аст. Аҳсан бародар, саломат бошӣ!

Шоири хештаншиносу таърихогоҳ

Аз мутолиаи ҳар гуна китоб хонанда аз ҷаҳонбинию дониш, умеду ормонҳо, ҳусни таваҷҷӯҳ, мақсадҳо…и муаллиф огоҳ мешавад. Пас аз хондани китоби “Дилрӯшноӣ” Фозил Шукурӣ ҳамчун донишманди адабиёт, таърих, забон, дин… дар дили хонанда бештару жарфтар ҷой мегирад. Шоир аз Худованд, Қуръон, ҳабиби Ҳақ, ҳадис ёдовар мешавад:

Ё  Раб муноҷотам шунав,
В-ин арзи ҳоҷотам шунав.

***

Хуш омадӣ, эй моҳи шарифи  Рамазон,
Бахшой ҳаловат аз ҳузури  Қуръон…

Ишораҳо ба сифату амалҳои пайғамбарон Яъқуб, Юсуф, Мусо, Сулаймон намуда, аз “Авесто”, “Шоҳнома”, “Тоҷикон” ифтихор дорад:

Аз “Авесто” ибтидо бигрифт гар фарҳанги ӯ,
“Шоҳнома”, “Тоҷикон” пайванди Сомони Аҷам.

Номҳои Рустам, Сӯҳроб, Эраҷ, Исфандиёр дар сарводаҳояш оварда шудааст.  Аз бузургони ҷаҳониамон – Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Мавлавӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ,… Айнӣ ва аз қаҳрамонии Темурмалик, Восеъ бо фахр ёд мекунад:

Чун Рӯдакию Айнӣ, чун Рустаму чу Восеъ,
Дар даҳр офариданд симои тоҷикона.
Ҳар касе, ки ҳамдами Сино шавад,
Чашми дил аз ҳикматаш бино шавад.

Ҳамчун шоири қадршинос ба устодаш Садрӣ Саъдӣ, ба дӯсташ Ҷаъфар Муҳаммад шеър бахшидааст. Марсияҳои ба хоҳару додаронаш ҳазрати Лоиқ, Маҳмуд Асъад Ҷӯшон, Абдуқаҳҳори Муҳаммадалӣ, Абдусаттори Ҳасан, Имомалӣ Маъмурзода навиштаашро дар ҳамин китоб ҷой додааст. Фозил Шукурӣ ба ашъори Ҳофиз, Камол, Бедил, Лоиқ, Абдуллоҳ Раҳмон… тазмину татаббуъ навиштааст. Чун устоди забони арабӣ мебошад, аз ин рӯ дар сарводаҳояш калима ё ибораҳои арабӣ низ дида мешаванд.

Бо амри дил

Шайх Саъдӣ дуруст фармудаанд,ки

Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчи бо одамӣ бузург шавад.

Фозил Шукурӣ менависад:

Ирс  бигрифта  ҳалолӣ,  ҳақшиорӣ,  ростӣ,
Бахти фарзанд аст ин будан ҳамонанди падар.

Дар ҷойи дигар:

Аслу буди одамӣ худ аз кадомин гавҳар аст,
Мекашад охир ба асли худ, чи маъное баланд.

Оре, ирсият боло гирифт, аслу гавҳар нақши муҳим гузошт, ки Фозил Шукурӣ мисли падару бобо шоири хоксору самимӣ аст. Мақсади ба ҳаёт омаданро дарк карда гуфтааст, ки “зиндагӣ баҳри хобу роҳат нест”. Дар дунё аз инсон чи монданашро ба ҳамагон ёдрас мекунад: “бимонад кори неку номи нек аз мо” ва халқро бузург ҳисобида мегӯяд:

Халқ беҳад мунаққидест бузург,
Ҳеҷ ӯро фирефтан нашавад.

Ва дар мавриди дигар мегӯяд:

Фозил, аз ихлосу сидқ хидмати шоиста кун,
Ҷову  мақомат куҷост, халқ баҳо медиҳад.

Банда бо ин шахси арҷманду хирадманд аз солҳои донишҷӯӣ шинос ҳастам. Дар давоми 35-36 соли шиносоиямон Фозилака барои ман  шахси фурӯтан, самимӣ, инсони хоксор, нармдилу нармгуфтор буд ва ҳамчунин мемонад. Дӯсти шоири мо барҳақ мегӯяд, — “шеър гуфтан – ҷонгудозиву  машаққат” ва дар ҷойи дигар навиштааст:

Ин қадар, Фозил, канам ҷон баҳри ҳар як мисрае,
То магар рӯзе касе бар қадри осорам расад.

Мо бояд ба қадри эҷодкорону эҷодиёти онҳо бирасем

Камина аз дӯстӣ доштан бо шоир, рӯзноманигор, тарҷумон, забондон, луғатдон устод Фозилҷон Шукуров ифтихормандам.

Ба дӯсту бародар Фозилҷон Шукуров, ки 29-август зодрӯз дорад саломатӣ, хушбахтии оилавӣ, ба фаъолияти омӯзгориаш фатҳу зафарҳо, дар корҳои эҷодиаш ашъори беҳтарину “тоза ба тоза, нав ба нав” орзумандам:

Ҷаҳонат ба кому фалак ёр бод,
Ҷаҳонофаринат мададгор бод!

Маҳкам  ҶАЪФАРОВ,
вилояти Сурхондарё.