Ovozi.uz

Соли нави хониш оғоз ёфт

Имрӯз дар ҳамаи мактабҳо занги аввал садо дода, соли нави таҳсил оғоз гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар чорабинии “Занги аввал”-и мактаби рақами 43-и шаҳри Самарқанд, ки таҳти шиори “Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!” баргузор гардид, ширкат варзид.

Роҳбари вилоят ба мактаббачагон дар соли нави хониш комёбиҳо таманно намуд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки онҳо дар оянда бо камоли ғайрат мехонанд, забон меомӯзанд ва мутахассиси соҳибихтисос мешаванд.

Инчунин оиди ба зинаи нав баровардани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани нақши волидон дар таълиму тарбияи фарзандон андешаҳои худро иброз дошт.

Бояд гуфт, ки дар соли нави хониш дар вилояти мо ба синфи 1-уми 1272 мактаби таълими умумӣ ва 46 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ 91740 нафар донишомӯзон қабул карда мешаванд.

Ба 140 нафар кӯдаконе, ки бори аввал вориди мактаб шуданд, “Тӯҳфаи Президент”-и иборат аз 12 намуди лавозимоти хониш, сумка ва маҷмӯи китобҳои дарсӣ тақдим карда шуд.