Барномаи чорабиниҳои сермазмуни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой анҷом ёфт.
31-уми август дар шаҳри Тянҷзин Сарвари давлатамон бо ҳамсараш дар чорабиниҳои ғайрирасмии нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар маркази конгрессии «Мэйтсзян» ширкат варзид.
1-уми сентябр роҳбари Ӯзбекистон дар маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ ва мулоқот дар формати «СҲШ плюс» иштирок намуд, ки дар ҷараёни он як қатор ташаббусҳо оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва такмили фаъолияти созмон пешниҳод гардиданд.
2-юми сентябр дар шаҳри Пекин бо Президенти Мардумии Хитой Си Ҷинпин бо иштироки ҳайатҳои расмӣ музокирот баргузор шуд. Дар поёни мулоқот бастае аз ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалӣ имзо гардид.
Бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин низ вохӯрӣ сурат гирифт, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Сарвари давлатамон ҳамчунин бо Сарвазири Хитой Ли Тсян, роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Хитой вохӯриҳои судманд анҷом дод.
3-юми сентябр Президенти Ӯзбекистон дар паради Ғалаба, ки ба муносибати 80-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафари расмӣ Сарвари давлатамон ба Тошканд парвоз кард. Дар фурудгоҳ меҳмонони олимақомро намояндагони расмии ҶМХ гусел карданд.
