Ovozi.uz

ТАШНАИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Илму ҳикматро талаб кун, гар тараб ҷӯӣ ҳаме,
То ба шохи илму ҳикмат пуртараб ёбӣ рутаб.

Носири Хусрав
Дуруст гуфтаанд, ки ташнагии илму маърифат ҳаргиз серӣ надорад. Нақл мекунанд, донишманде дар айёми пиронсолӣ дар ҳалли масъалае дармонд ва ҷавоби онро пайдо карда натавонист. Аммо бо вуҷуди заъфи ҳол ҷидду ҷаҳд намуда, ҷавоби дурусти масъаларо ба даст овард. Чунин хислатҳо дар Абдуваҳҳоб Воҳидов, ки ҳоло ҳамчун муаллими калони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият дорад, дида мешавад. Ин пири барнодил, ки имрӯз, 4‑уми сентябр ба синни мубораки 70‑солагӣ қадам мегузорад, аз чунин ташнагони илму маърифат мебошад.
— Бо Абдуваҳҳоб Воҳидов тайи чандин сол аст, ки дар як утоқи корӣ машғули фаъолият ҳастем, — мегӯяд профессори кафедра, адабиётшиноси маъруф Садрӣ Саъдиев. — Ӯро барои сифатҳои неки инсонияш, бахусус масъулиятшиносию меҳнатдӯстиаш аҳли ҷамоа эҳтиром мекунанд. Ӯ дар арафаи ҷашни истиқлолият на танҳо диссертатсияи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа оид ба улуми филологӣ омода намуд, балки онро чанде қабл дар шакли монографияи мукаммали илмӣ тавассути нашриёти донишгоҳ таҳти унвони «Таснифи сохторӣ-­грамматикии воҳидҳои фразеологии лаҳҷаи тоҷикони Самарқанд» интишор кард.

МУХТАСАРИ ТАРҶИМАИ ҲОЛ
Абдуваҳҳоб Воҳидов соли 1955 дар шаҳри Самарқанд дида ба дунё кушодааст. Барои Абдуваҳҳоби хурдсол тақдир санҷиши вазнинеро пеш овард. Азбаски ӯ дар оила писари калонӣ буд, баъд аз фавти ногаҳонии падар масъулияти оила ва таълиму тарбияи додару хоҳарон ба зиммаи ӯ афтод.
Абдуваҳҳоб мактаби миёнаи рақами 16‑и ноҳияи Самарқандро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, фаъолияти кории худро дар Иттиҳодияи техникии хоҷагии қишлоқ оғоз кард. Аз хурдӣ меҳри адабиёт дар дили ӯ ҷой гирифта буд, ки соли 1973 ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Самарқанд супурд. Дар айёми донишҷӯӣ баробари аз худ намудани дарсҳо, қобилияти баланди эҷодкорӣ зоҳир намуда, бо хабару мақолаҳои ранг ба ранг бо матбуоти даврӣ ва радиои вилоят ҳамкорӣ намуд.
А. Воҳидов пас аз хатми донишкада соли 1977 дар мактаби рақами 10‑ум кор кард. Бо назардошти истеъдоди ташкилотчигии ӯ, вайро ба услубшиносии мактаби шатранҷ ва шашкаи назди Садорати таълими халқи вилоят ба кор даъват намуданд.
Соли 1981 А. Воҳидов ба донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба кор омад. Аввал ҳамчун лаборант, сипас ба ҳайси устоди донишкада фаъолият намуд. Соли 1988 ӯро ба сифати тарҷумон ба давлати Афғонистон фиристоданд ва дар он ҷо як сол дар муҷтамаи обёрии Ҷалолобод бо кори тарҷумонӣ машғул гардид. Аз Афғонистон баргашту фаъолияти омӯзгории худро идома дод. Пас аз муттаҳид гардидани Донишкадаи омӯзгорӣ бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар кафедраи забони тоҷикӣ, аз соли 2001 ин ҷониб бошад, дар кафедраи забонҳои Шарқ, сипас дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ ба донишҷӯён сабақ медиҳад.

БО ДУОИ МОДАРИ ҒАМХОР
— Воқеае ҳеҷ аз хотирам намеравад, — ба ёд овард зимни суҳбат А. Воҳидов. — Ман он солҳо ҳанӯз хурдсол будаму ба мактаб намерафтам. Рӯзе модарам (илоҳо, рӯҳашон шод бод!) аз мағозаи китоб «Луғати русӣ‑тоҷикӣ»-ро харида оварданд — Минбаъд ин китобро мутолиа мекардаму он бароям хеле азиз шуда монд. Ба хулосае омадам, ки бо харидани ҳамин китоб модарам тақдири ояндаи маро муайян намудаанд. Шояд ҳамин ниятҳои нек буд, ки шарафи омӯзгорӣ ва пажӯҳишоти илмӣ, сабақомӯзӣ аз устодони бузург ва якҷоя кор кардан бо онҳо ба ман насиб гардид.
Абдуваҳҳоб Воҳидов дар муддати фаъолияти 40‑солаи омӯзгорӣ кори илмиву услубии худро хеле пеш бурд. Чандин дастурҳои таълимӣ ва қариб 100 мақолаи илмӣ интишор кард. Пас аз истиқлолияти мамлакатамон барои тартиб додани барномаҳои таълимии фанҳо эҳтиёҷ пайдо шуд. Навиштани китоби дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 1–4 ба зиммаи А. Воҳидов вогузор гардид. Ӯ ду китоби дарсии мукаммали забони модарӣ барои синфҳои 1 ва 2‑ро бо ҳаммуаллифии Гулнора Умарова ва Замира Ҳоҷиматова омода намуд, ки он чоп ва дастраси хонандагон гардид. Инчунин, нашри дастуруламалҳои «Шарҳи тасвирии калимаҳои арабӣ ва форсӣ» ва «Ташкили таълими мустақили донишҷӯён аз фанҳои забони арабӣ ва форсӣ»-ро, ки бо ҳаммуаллифӣ чоп шуд, хонандагон хуш истиқбол намуданд.
Маҷлиси ғайринавбатии Маркази фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд соли 2004 таъҷилан даъват гардид. Масъалаи интихоби раиси нав ба миён омад. Якчанд нафар номзадҳо пешниҳод шуданд. Аммо барои пеш бурдани фаъолияти марказ шахсе лозим буд, ки соҳиби илму дониши мукаммал, ақлу хирад, забону сухан ва албатта, далеру устувор, росткору хоксор, ҷавонмарду ҳимматбаланд бошад. Хушбахтона, чунин хислатҳои неки инсонӣ дар Абдуваҳҳоб Воҳидов мавҷуд буд, ки ҳозирин якдилона ӯро раиси марказ интихоб карданд. Раиси нав дар чаҳорчӯбаи қонун ва қоида фаъолияти худро идома дод. Солҳои зиёд ҳамчун раиси марказ барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо ва таъмини фарохдиливу аҳлӣ саҳм гузошт.

АВВАЛИН ДОВАРИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Ба некӣ шавад чашм равшан туро,
Зи ҳар бад бувад нек ҷавшан туро.

Абудқосим Фирдавсӣ

Абдуваҳҳоб Воҳидов дар соҳаи шоҳмот ҳам фаъолият дорад. Ӯ ҳамчун услубшиноси мактаби шоҳмоти назди Садорати таълими халқи вилоят кор карда, ҳамзамон барои ривоҷи ин соҳа камари ҳиммат баст. Дар натиҷаи кӯшишҳои пайваста, соли 2013 ӯ ба мақоми аввалин довари байналхалқӣ, яъне арбитри FIDE дар Самарқанд соҳиб гардид. Имконияти гузарондани мусобиқаҳои байналхалқӣ дар шаҳри бостонӣ ба вуҷуд омад. Дастпарварони ӯ ба комёбиҳои калон соҳиб гардиданд. Чунончи, шогирди ӯ — Ҷаҳонгир Воҳидов — ҷавонтарин гроссмейстери Осиёи Марказӣ шуд, ки ҳоло рейтинги байналхалқии ӯ дар ҷумҳурият баъд аз Рустам Қосимҷонов дар ҷойи дуввум қарор дорад. Хуршед ва Ҷамшед Мустафоевҳо устодони варзишанд, чемпионҳои чандинкаратаи ҷумҳурият, ғолиб ва ҷоизадорони олимпиадаҳои байналхалқӣ мебошанд.
Абдуваҳҳоб Воҳидов ҳоло дар мусобиқаҳои сезинавӣ — «Умед ниҳоллари», «Баркамол авлод» ва «Универсиада» ҳамчун сардовар, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла дар кишварҳои ИМА, Германия, Англия, Болгария, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра ба сифати ҷонишини сардовар иштирок намудааст.
— Ман Абдуваҳҳобро 30 сол боз мешиносам, — гуфт довари тоифаи ҷумҳуриявӣ Виктор Измайлов. — Агар шоҳмоти мамлакатамонро ба як механизми том қиёс намоем, Абдуваҳҳоб дар он як узви асосӣ ба шумор меравад. Хизматҳои ӯ дар ривоҷу равнақи ин бозии куҳан дар Самарқанд хеле зиёд аст.
БА ҶОИ ОХИРСУХАН
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.

Бадриддини Ҳилолӣ

Муаллимро дар маҳалла низ хурду калон эҳтиром мекунанд, зеро ӯ ҳамеша даст сари сина дар маъракаҳои мардум беминнату самимона хидмат мекунад. Ӯ узви фаъоли гузар аст.
Ҷашни 70‑солагии устоди некноми шогирдонро мубораку фархунда бод мегӯем!
Ҷуз ин дуо-т нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта:
Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!


Фозилҷон ШУКУРӢ, дотсенти ДДС, доктори фалсафа оид ба илмҳои филологӣ;
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.