Шаҳри Самарқанд рӯзҳои 3–15‑уми сентябр ба мусобиқаи байналмилалии шоҳмот — «Grand Swiss 2025» мизбонӣ мекунад.
Мусобиқа бо системаи шветсарӣ дар 11 давр гузаронида мешавад. Дар он гроссмейстерҳои пешсафи ҷаҳон, шоҳмотбозоне, ки бо пешниҳоди президенти FIDE таклиф шудаанд ва ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Мақсади асосии турнири мазкур дар байни шоҳмотбозоне, ки ба рейтинги 100‑гонаи беҳтарини ҷаҳон ворид шудаанд, интихоб кардани 4 нафар талабгор (2 мард, 2 зан) барои «Турнири талабгорон» мебошад.
Дар мусобиқае, ки Самарқанд мизбонӣ мекунад, иштироки 160 нафар шоҳмотбозони маъруф дар назар аст.
Хазинаи мукофоти умумии мусобиқа 855 ҳазор доллари ИМА (барои мардҳо 625 ҳазор доллар, барои занҳо 230 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.
2-юми сентябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмононро пазироӣ намуданд. Дирӯз бошад, бо иштироки президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) А.Дворкович, Вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Икрамов, директори Агентии корҳои ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷонишини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон А.Саъдуллаев, гроссмейстерон Гукеш Домараҷҷу ва Афрӯза Ҳамдамова, инчунин дигар варзишгарон иштирок намуданд.
Ғайр аз ин, маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии шоҳмотбозии FIDE Grand Swiss вa FIDE Women’s Grand Swiss гузаронида шуд.
Дар маросими тантанавӣ А.Дворкович, А.Саъдуллоев ва иҷокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд А.Бобоев ба якояки иштирокдорони мусобиқа муваффақиятҳо таманно намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки мусобиқаи байналмилалии «Grand Swiss» бори аввал дар Ӯзбекистон, дар шаҳри таърихии Самарқанд баргузор мешавад.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ
