Ovozi.uz

Ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines парвозҳои мустақимро аз Фарғона ба Новосибирск оғоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 Airlines дар самти Фарғона — Новосибирск парвозҳои мунтазами мусофирбарро оғоз мекунад. Аввалин парвоз 19 сентябри соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Ба нақша гирифта шудааст, ки парвози ҳавоӣ дар масири «Новосибирск — Фарғона — Новосибирск» тавассути ҳавопаймоҳои навъи Airbus A320 ҳафтае як маротиба — рӯзҳои душанбе анҷом дода шавад.

Имрӯз ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines ба фурудгоҳҳои байналмилалии Тошканд, Самарқанд ва Урганч парвозҳоро бомуваффақият анҷом медиҳад.

Барои маълумот: S7 Airlines як ширкати ҳавопаймоии Русия буда, қароргоҳаш дар Новосибирск мебошад. Бузургтарин ширкати ҳавопаймоии хусусии Русия аст, ки беш аз 180 шаҳри 26 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад.