1. Мавизро аз тухмаш ҷудо карда бихӯранд, захми рӯдаҳоро сиҳат мегардонад.
2. Мавизро бо равғани ҳайвонот якҷоя кӯфта, ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад.
3. Мурчро бо мавиз бихӯранд, рутубатҳои майнаро кашида ба берун дафъ мекунад.
4. Мавизро бо равғани ҳайвонот якҷоя кӯфта, ба пучакҳо гузошта банданд, онҳоро мепазонад (варамест калони хунин дар ибтидо нӯгдори сурхранг).
5. Тухми мавизро дур карда бихӯранд, гурда ва баданро фарбеҳ мекунад.
6. Тухми мавизро дур намуда, ба ҷойи он дар ҳар адади мавиз як адад мурч ҷо карда, хоида бихӯранд ва ба он мудовамат намоянд, сардии гурдаро ислоҳ мекунад.
7. Мавизро аз тухмаш ҷудо карда бихӯранд, бемориҳои хичакро (пешобдон) шифо мебахшад.
8. Мавизро кӯфта, бо шароб хамир карда, ба пайвандҳои бадан гузошта банданд, бадбӯйии буғумҳоро дафъ мекунад.
9. Мурчро бо мавиз бихӯранд, рутубатҳои меъдаро кашида хориҷ мекунад.
10. Мавизро аз тухмаш ҷудо карда бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад.
11. Мавизро кӯфта, бо шароб хамир карда, ба ғонағароё (гангрена), ки узвро вайрон мекунад, гузошта банданд, шифо мебахшад.
12. Тухми мавизро дур карда, ба ҷойи он дар ҳар адади мавиз як дона мурч ҷой дода, хоида бихӯранд ва ба он мудовамат намоянд, санги хичакро майда карда мерезонад.
13. Мавизро кӯфта, бо шароб сиришта, ба ҷударӣ (ин нағзак (гулак) ин доначаест ба бузургии наск ва марворид, ки бо табу тезӣ ва хориш бар бадан бармеояд) гузошта банданд, шифо мебахшад.
