Филиали минтақавии Маркази тиббии илмӣ-амалии ихтисосонида ба дерматовенерология ва косметологияи ҷумҳурӣ дар вилояти Самарқанд сертификати мувофиқӣ ба стандартҳои байналмилалии Маркази аккредитатсия оид ба соҳаи сифати ҳифзи тандурустӣ – ACQH (Accreditation center for quality in healthcare)-ро ба даст овард.
Маркази аккредитатсияи сифат дар соҳаи тандурустӣ (ACQH) соли 2018 дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Он як мақоми байналмилалии аккредитатсияест, ки ба баланд бардоштани сифат ва бехатарӣ дар системаи тандурустӣ нигаронида шудааст. Ҳадафи созмон таъмини сифат, бехатарӣ, эътимод ва рақобатпазирии муассисаҳои тиббӣ мебошад. ACQH дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона буда, чаҳор маротиба аз ҷониби ISQua (Ҷамъияти байналмилалии сифат дар соҳаи тандурустӣ) аккредитатсия шудааст ва дар се соҳа эътироф шудааст.
Намояндагони созмони байналмилалӣ дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба корҳое, ки дар самти такмили соҳаи тиб дар Самарқанд, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири пешрафта дар система, фароҳам овардани шароити мусоид дар марказҳои тиббӣ анҷом дода шудаанд, баҳои баланд доданд.
Ба роҳбари вилоят сертификати мувофиқӣ ба стандартҳои байналмилалии филиали минтақавии Маркази тиббии илмӣ-амалии ихтисосонида ба дерматовенерология ва косметологияи ҷумҳурӣ дар вилояти Самарқанд супурда шуд.
