Ovozi.uz

Баҳри рушду нумӯъи илму фарҳанг…

Маркази бузурги илмӣ-таълимӣ ва фарҳангии Ӯзбекистони Нав — Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар рушду такомули илму дониш, баланд бардоштани маънавияту маърифат, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад.

Боиси ифтихору хушнудист, ки мактаби олии мо дар тӯли беш аз 100 соли арзи вуҷуд хеле кадрҳои соҳаҳои гуногунро таълиму тарбият додааст, ки дар байни онҳо арбобони давлатӣ, академикҳо, сафирон, шоиру нависандагон, олимону пажуҳишгарон ҳастанд.

Имрӯзҳо Донишгоҳи мо дар партави фармон ва қарору дастурҳои сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев насли наврасро дар рӯҳияти худшиносиву ватандӯстӣ таълиму тарбият медиҳад, ки онҳо бунёдкорони Ренессанси саввум хоҳанд шуд.

Маркази бузурги илму таълим ва фарҳангии мо дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хусусан солҳои охир хеле рушд ёфт, ки дар ин хизмати шоистаи Президенти мамлакат калон аст.

Дар рейтинги муассисаҳои таъмини олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки чанд сол боз аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи таълим ва илму фарҳанг эълон карда мешавад, пешсаф буда, дар байни мактабҳои олии дунё ҷойи 1001‑умро ишғол кард ва соҳиби ҷоизаи «панҷ ситора» ҳастем.

Мактаби олии мо тӯли солҳои фаъолият ба сифати муассисаи пешбари илмию таълимӣ барои соҳаҳои гуногуни мамлакат мутахассисони баландихтисосро тайёр мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки омодагии пухта ба соли хониши нави 2025–2026 аз моҳи феврали соли равон оғоз ёфт. Имтиҳонҳои қабул дар сатҳи баланд гузашт. Шумораи донишҷӯён дар шӯъбаи бакалавриат 15 ҳазору 668 нафар, аз ҷумла таълими рӯзона 10 ҳазору 668 нафар, ғоибона 1837 нафар, шабона 2002 нафар, фосилавӣ 643 нафар, таълими байналхалқӣ 57 нафар, магистратура 1007 нафар аст.

Дастовардҳои илмию таълимии устодону олимони донишгоҳ дар нашрияҳои бонуфузи кишварҳои ҷаҳон ба табъ расидаанд. Танҳо соли равон беш аз 150 номгӯй китобҳои дарсии устодони донишгоҳи мо нашр шудаанд.

Дар айни ҳол, донишгоҳ бо беш аз 300 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома (меморандум) ва қарордоди ҳамкорӣ баста, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад. Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, шахсан худам ду-се маротиба ба шаҳри зебои Душанбе азми сафар карда, бо ҳамкасбон сӯҳбат оростам. Дар навбати худ вакилони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба Самарқанд омада, бо фаъолияти мо шинос шуданд.

Аз соли хониши нав беш аз 200 нафар профессору муаллимони хориҷӣ ба толибилмони мактаби олии мо сабақ медиҳанд.

Чанде пеш соҳиби ҷоизаи Нобел Азиз Санҷар аз Амрико, Валентин Попов аз Олмон, Анвар Зокиров аз донишгоҳи Вашингтон меҳмони олиқадри Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар мо 880 нафар омӯзгори тоифаи гуногуни соҳибдараҷа ва соҳибэҳтиром фаъолият пеш мебаранд, ки 75 дарсади онҳо салоҳияти илмӣ доранд.

Дар донишгоҳи мо 12 бинои таҳсилӣ, 4 толори варзишӣ, 6 ошхона, 477 утоқи дарсӣ, ки бо технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ пурра ҷиҳозонида шудаанд, 15 хонаи компутерӣ, 72 ташхисхона ва ғайра мавҷуд аст. Инчунин, тахтаи интерактивӣ, 295 таҷҳизоти таҳсили мултимедия низ амал мекунанд.

Аммо ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудан аз ғайрату ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор, сенатор Рустам Холмуродов, проректор оид ба корҳои хориҷӣ Акмал Аҳадов, оид ба корҳои илмӣ Ҳаким Хушвақтов ва дигарон аст.

Боз ифтихори мо аз он аст, ки донишгоҳ аз мадрасаи Мирзо Улуғбек сарчашма мегирад ва дар гузашта алломаҳои Шарқ Мирзо Улуғбек, Қозизодаи Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба он асос гузоштаанд. Ҳоло дар китобхонаамон асару дастхатҳои на танҳо бузургон, асосгузорони донишгоҳ, инчунин беш аз 15 ҳазор дастхатҳои нодир мавҷуд аст. Ғайр аз он, 3 миллион нусха китобҳои дарсӣ ва илмӣ дар ихтиёри талабагон мебошад.

Донишҷӯён ва устодону мураббиён на танҳо дар илму фарҳанг, инчунин варзиш пешсаф ҳастанд. Дар байни ҷамоати байналмилалӣ ва аҳлу тифоқ 13 нафар чемпионҳои ҷаҳон, 80 нафар Осиё, 170 нафар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 3 нафар бозиҳои олимпӣ ҳастанд.

Хуллас, аҳли ҷамоаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд тамоми нерӯ ва имкониятҳои хешро баҳри рушду нумӯъи илму фарҳанг сарф хоҳанд кард.

Ман аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи «Овози Самарқанд» тамоми муштариён, устодону мураббиён, донишҷӯёну кормандонро бо соли хониши нав самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.

Фаромӯш набояд кард, ки ба қавли Ҷомӣ:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм,
Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст зи ашғоли дигар суст кун!

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
доктори фанҳои физика­математика,
проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.