Ovozi.uz

Бонуи боирода

Сокини маҳаллаи Дукчиёни шаҳри Самарқанд Умида Маҳмудова, ки дар факултети дизайни интерери Донишгоҳи давлатии меъморӣ-­сохтмонии Самарқанд таҳсил мекунад, дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ ғолиб шудааст ва соҳиби бизнеси шахсии худ мебошад. Ӯ маъюби гурӯҳи якум буда, аз имконият ва шароитҳои дар кишварамон барои ҷавонон муҳайёгардида оқилона истифода менамояд. Ӯ бо намунаҳои маҳсули дастони худ на танҳо дар маҳалла, балки тамоми шаҳри Самарқанд маъруфият пайдо кардааст.

— Умида, ба мо сараввал дар бораи фаъолияти соҳибкории худ нақл мекардед…

— Соли 2019, вақте ки пандемияи COVID‑19 оғоз шуд, барои беҳуда сарф накардани вақт ман аз канали YouTube бофтани бозичаҳои нармро омӯхтам. Ба кор сар кардаму чанде аз онҳо хуб фурӯхта шуданд ва онро ба тиҷорати худ табдил додам. Ҳоло онҳо ҳамчун ороиши чорабиниҳои миллии мо ва тӯҳфаи аҷоиб барои сайёҳон васеъ истифода мешаванд. Ҳамзамон, дарсҳои онлайнӣ ва офлайнӣ ташкил намуда, ба занону духтарон ин ҳунарро меомӯзам, бозичаҳои бофтаи худро ба кишварҳои хориҷӣ экспорт мекунам ва дар озмунҳои гуногун ширкат меварзам. Аз ҷумла, чанде пеш дар марҳилаи шаҳрии озмуни «Бонуи соҳибкор‑2025» сазовори ҷои 2‑юм гардидам.

— Медонем, ки шумо дар самти варзиш низ ба муваффақиятҳои бисёр даст ёфтаед. Дар бораи мусобиқаҳои охир каме маълумот медодед?

— Чанде пеш дастаи мо дар чемпионати Ӯзбекистон оид ба камонварӣ ғолиб омад ва мо дар мусобиқае, ки дар Хитой баргузор шуд, ширкат кардем.

— Дар ин комёбиҳои шумо кӣ саҳми асосӣ дорад?

— Дар ҳамаи муваффақиятҳои ман саҳми бибию падару модарам калон аст. Бибиам — Раъно Мирсаидова 89‑сола мебошанд. Дар мактаби таълими умумии рақами 8 (ҳоло мактаби таълими умумии рақами 74)-и шаҳри Самарқанд ҳамчун муаллими забони немисӣ кор кардаанд. Ба тарбияи наберагон таваҷҷуҳи зиёд медоданд ва бо ман берун аз дарсҳо машғулотҳои иловагӣ мегузаштанд. Ман то соли 2010, яъне то хатми синфи 9‑ум дар ин мактаб таҳсил гирифтам. Баъд аз осеби сутунмӯҳраам вазъам бадтар шуд. Сипас, аз ҷониби давлат ба воситаи ҷарроҳӣ ба пуштам электрод гузоштанд ва эҳсосамро дубора пайдо кардам ва ҳаракати ман афзоиш ёфт. Имрӯзҳо низ ҳукуматамон маро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама ба Сарвари давлатамон миннатдории худро баён мекунам. Зеро барои ман ва инсонҳои мисли ман як қатор шароитҳо фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, барои таҳсили мо грант ҷудо карда шудааст, табобатамон бепул аст аст ва аробачаи ногироӣ ҳам ба мо аз ҷониби давлат дода шудааст.

— Ба ҳамсолонатон чӣ маслиҳатҳо медиҳед?

— Ба онҳое, ки дар ҳоли солим будан аз оғози истифодаи нерӯи худ метарсанд ва ё дар пеши худ мақсадҳои калон гузошта, аммо барои амалӣ кардани онҳо танбалӣ мекунанд, гуфтаниам, ки аз ҳар як дақиқа бояд оқила истифода намуд ва барои расидан ба орзуҳои худ пайваста бояд талош кард.

— Ташаккур барои суҳбати пурмазмун, саломат бошед!

Мусоҳиб Зиннура ИЛҲОМҶОНОВА.