Дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд мувофиқи Фармони Президентамон «Дар бораи сарфароз гардонидани як гурӯҳ кормандони шоистаи соҳаи таълим ва тарбия ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён» ба як қатор омӯзгорони вилоят мукофотҳои давлатӣ супурда шуд.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев тамоми муаллимону мураббиёнро бо омад-омади Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён самимона муборакбод гуфта, дар корҳои минбаъдаи онҳо муваффақиятҳо таманно намуд.
Инчунин ӯ таъкид намуд, ки дар Самарқанд барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба омӯзгорон ва хонандагон муассисаҳои таълимӣ мактабу кӯдакистонҳои наву замонавӣ сохта мешавад.
— Ҳудуди корҳое, ки бояд амалӣ гардад, хеле васеъ аст. Ҳоло дар ин самт корҳои ба амал мерасонидаамон хеле бисёр мебошад. Мо дар якҷоягӣ сифати таълимро беҳтар намоем, албатта насли баркамоли ояндаро ба воя мерасонем, — гуфт Адиз Бобоев.
