Ovozi.uz

Сифати таълим пайваста беҳтар мешавад

Як моҳ шуд ки, мо соли нави хониши 2025–2026‑ро оғоз намудем. Имсол дар назди мо барои боз ҳам беҳтар кардани соҳаи таълим мақсадҳои бузург истодаанд. Дар ин ҷо шумо дар бораи чанде аз ин нақшаҳо маълумот гирифта метавонед.

Аввало, имсол мо ба 75,6 дарсад баровардани фарогирии кӯдакони синни то мактаб ва мактабро, ки аз 3 то 7‑солагон ташкил медиҳанд, пеши худ мақсад кардаем. Ҳоло ин нишондиҳанда 73 дарсад мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки имсол дар 774 кӯдакистонҳои давлатӣ барои соҳиби маълумоти олӣ кардани педагогҳо ва роҳбарҳо, аз ҷумла, баровардани онҳо ба дараҷаҳои тоифаҳои олӣ, якум ва дуюм дар байни муассисаҳои таълими то мактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят харитаи роҳ тартиб додем. Дар ин масъала ҳамроҳи садорат ва ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо корҳои амалӣ роҳандозӣ шудаанд.

Чуноне ки таъкид гардид, мо ба 75,6 дарсад расонидани фарогирӣ ба таълими то мактаб ва мактабро чӣ тавр анҷом медиҳем? Ин кор бо супориши роҳбари вилоятамон, аз ҳисоби таъмир намудан ва ҷиҳозонидани хонаҳои холӣ ва таъмирталаби муассисаҳо дар ташкилотҳои таълими то мактаби давлатӣ, инчунин кӯдакистонҳои навтаъсиси оилавӣ, шарикии хусусӣ-­давлатӣ ва хусусӣ анҷом меёбад.

Ҳоло барои баланд бардоштани сифати ҳайати педагогҳо дар кӯдакистонҳо бо ҳамкории Вазорати таълими то мактаб ва мактаб, инчунин марказҳои тестӣ роҷеъ ба тоифаҳои якуму дуюм гузаронидани онҳо кор мекунем.

То охири соли 2025 сохтмони боз 5 боғчаи давлатӣ ба анҷом мерасад. Барои соли 2026 барномаи сармоягузорӣ ташаккул меёбад.

Соли оянда бо ташаббуси роҳбари вилоятамон ва бо қарорҳои дахлдори ҳукуматамон барои ба натиҷаи 80,6 дарсад расидан аз ҳоло харитаи роҳро тартиб медиҳем.

Аз 1‑уми сентябри соли 2025 мувофиқи қарори якуми Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои такмил бахшидани тартиби хӯрокхӯрии солим дар ташкилотҳои таълими то мактаби давлатӣ», тамоми ташкилотҳои таълими то мактаби вилояти Самарқанд ба системаи аутсорсинг гузаронида шуданд. Дар системаи аутсорсинг муайян намудани ғолибон бевосита тавассути тендер баргузор гардид. 6 нафар соҳибкорони аутсорсинг, ки дар тендер ғолиб шуданд, кӯдакистонҳои давлатиро қабул карданд. Мо ҳамроҳи Вазорати таълими то мактаб ва мактабӣ дар бораи бо корхонаҳои аутсорсинг бо маҳсулотҳои сифатнок таъмин намудани кӯдакистонҳо ба мувофиқа расида, ҳоло бо онҳо роҳбарони кӯдакистонҳо кор мекунанд.

Дар соли хониши 2024–2025 бар асоси барномаи давлатӣ ба ҳисоби умумӣ наздик ба 110 ташкилотҳои таълимӣ, аз ҷумла 76‑то мактаб ва 28‑то кӯдакистонҳо сохта, таъмири асосӣ (капиталӣ) карда шуд. Бо ташаббуси ҳокими вилоят ва бевосита бо кӯмаки соҳибкорон низ чандин маҷмуаҳои таълимӣ сохтанд.

Барои дигар кардани таркиби сифати омӯзгорон дар миқёси мактабҳои ҳар як шаҳру ноҳияи вилоятамон харитаи роҳро тартиб додем. Яъне, мо барои тағйир додани тоифаҳои омӯзгорони мактабҳо байни онҳо дарсҳои омӯзишӣ ва ҷараёнҳои супурдани тестҳоро оғоз намудем. Ба қарибӣ, дар ноҳияи Булунғур барои дигар кардани таркиби сифати омӯзгорон бо раҳбарони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ гузаронда шуд. Маълум аст, ки барои супурдани тест ва дигар кардани тоифа аз омӯзгорон маблағ талаб карда мешавад. Мо дар харитаи роҳ аз ҷониби ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо пардохта шудани ин маб­лағҳоро муайян кардем. Тӯли солҳои хониши 2025–2026 дар тағйир додани таркиби сифати омӯзгорон дигаргуниҳо назаррас хоҳанд шуд.

Бояд таъкид намуд, ки қаблан омӯзгорон барои гирифтани тоифа тест супурда, тоифа гирифта натавонистаанд. Ҳоло барои гирифтани сертификатҳо омили инсон ҳамроҳ намешавад. Мо барои кам кардани сарфи вақти муаллим ва ба натиҷа расидани ӯ дарсҳои онлайнӣ ташкил намудем.

Вақтҳои охир дар хусуси ба даст овардани сертификати малакаи омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, яъне аз 1‑уми сентябр мумкин ё мумкин набудани дарс додани омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, ки сертификат надоранд, муроҷиатҳои бисёр меоянд. Барои барҳам додан ба чунин муроҷиатҳо, фармони Вазорати таълими то мактаб ва мактаб аз 15‑уми сентябри соли 2025, «Дар бораи чораҳои зарурӣ оид ба гирифтани сертификати дараҷаи тахассусии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ» таҳти рақами 340, ки то 1‑уми январи соли 2026 сертификат гирифтани тамоми устодони забонҳои хориҷиро тасдиқ мекунад, бароварда шуд. Мувофиқи ҳолати 1‑уми сентябри соли равон дар вилоятамон дараҷаи ба даст овардани сертификати забонҳои хориҷӣ тағйир ёфта, ин нишондиҳанда аз 31 дарсад ба 71 дарсад расид. Ин рақамро то 1‑уми январ ба 95 дарсад расонданро пеши худ мақсад кардаем.

Пас аз ба охир расидани соли хониш ҳар як мактаб натиҷаи дониши додаашро бо даромадани донишомӯзонаш ба мактабҳои таълими олӣ сарҳисоб мекунад. Имсол аз 1275‑то мактаби вилоятамон, донишомӯзони 12‑то мактаб ба таълими олӣ дохил шуда натавонист. Сабаби ин, дар он мактабҳо кам будани шумораи хонандагон ва дар минтақаҳои дурдаст ҷойгир шудани онҳо аст. Ин нишондиҳанда соли гузашта 26 ва пеш аз он тақрибан 50‑торо ташкил кардааст. Мо дар охири соли хониши мазкур барои бартараф кардани ҳолати даромада натавонистани донишомӯзони ин мактабҳо ба муассисаҳои таълими олӣ пайваста кӯшиш мекунем.

Дар вилоятамон нишондиҳандаи дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ имсол 26,8 дарсадро ташкил намуда, дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи шашумро ба даст овард. Дар ин бора байни минтақаҳои вилоят ноҳияи Пахтачӣ пешсаф мебошад. Вилоятамон нисбат ба солҳои гузашта дар ин ришта ба чаҳор зина боло рафтааст.

Ҳоло устодонамон метавонанд дар муддати як сол тоифаи олӣ гиранд. Ин нисбат ба солҳои қаб­лӣ як дигаргунии хуб шуд, гуфта метавонем. Маоши моҳонаи ҳар як муаллими ба тоифаи олӣ ноилгардида ба таври назаррас баланд мешавад. Вобаста ба таркиби сифат низ байни мактабҳои шаҳру ноҳияҳо шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияҳои Пахтачӣ ва Нарпай дар пеш аст.

Танҳо соли равон Сарвари давлатамон бахшида ба соҳаи таълим чор маротиба ҷамъомад гузаронд. Дар ҳар як ҷамъомад барои омӯзгорон имконият ва имтиёзҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Пас аз вохӯрии охирини Президентамон бо омӯзгорон Вазорати таълими то мактаб ва мактаб дар мактабҳо дарсҳои «Соати оянда»-ро роҳандозӣ кард. Ин дарсҳо аз 35 соат иборат буда, онро ҳар рӯзи душанбеи ҳафта роҳбарони синф, директор ва роҳбарони ҳокимияту секторҳо мегузаронад. Пеш аз дарс намоиши контентҳои миллӣ низ баргузор мегардад.

Ҳоло дар вилоятамон вазифаи директории беш аз 200 мактаб холӣ мебошад. Педагогҳое, ки хоҳиши соҳиби ин ҷойҳо шудан доранд, даставвал дар Донишкадаи такмили ихтисоси ба номи Абдулло Авлонии Тошканд барои сертификат хонда, аз суҳбати Шӯрои директорон бояд гузаранд. Агар онҳо хулосаи ба директорӣ муносиб буданро гиранд, роҳбарии ҷамоаи худро ба даст меоранд. Ҳоло мо роҷеъ ба ин масъала ҳамроҳи вазорат ва ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо бо роҳбарияти ҳамаи 200 мактаби таъкидгардида, корҳои амалиро анҷом медиҳем.

Музаффар ҲАМДАМОВ,
роҳбари Садорати таълими то мактаб
ва мактаби вилояти Самарқанд