Киштие дар баҳр равон буд. Ногоҳ тӯфон хест. Киштӣ ба санги бузурге бархӯрду ғарқ шуд. Фақат як нафаре, ки мавҷи об ӯро ба соҳил бурд, зинда монд.
Мард чанд рӯз ба Худо илтиҷо кард, ки наҷоташ диҳад. Ҳамеша чашмонаш ба сӯи уфқ буд, ки шояд киштие ба имдодаш расад.
Муддате гузашт ва ӯ аз наҷоти худ дасту дил шуст. Аз тахтапораҳои киштӣ, ки мавҷи об ба соҳил оварда буд, кулбаи чӯбин сохт. Рӯзе ба умеди пайдо кардани хӯрокворие аз кулба берун рафт. Шабона баргашта дид, ки забонаи оташи афрӯхтааш ба кулбааш низ расида, он пурра сӯхтаасту дудаш ба осмон рафтааст.
Ӯ хеле хашмгин шуд, рӯ ба осмон оварду фарёд зад:
– Худоё, охир чаро бо ман чунин ҷабру ситамро раво дидӣ?
Яъсу ноумедӣ ӯро фаро гирифта буд…
Субҳ садои одамон мардро бедор кард.
Мард аз онҳо пурсид:
– Чӣ тавр фаҳмидед, ки ман дар ин ҷазира ҳастам?
– Мо аз дур дуди оташро, ки ту барои наҷоти худ афрӯхта будӣ, дида омадем.
©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова
