Марде дар хонааш телевизор тамошо мекард. Ҳамин вақт Марг ба пеши ӯ омада гуфт:
– Ҳоло навбати ту фаро расид. Ман маҷбурам, ки ҷонатро гирам.
Мард бесаранҷом шуда гуфт:
– Аз ту илтимос, мон, ки боз камтар зиндагӣ кунам. Барои ҷонгирӣ баъдтар биё…
– Ин илоҷе надорад. Ҳама кор дар асоси дастурамал аст. Мувофиқи рӯйхат ҳоло навбат ба ту аст.
– Ҳеч набошад, бигузор, ки туро бо шарбат меҳмон кунам. Онро нӯши ҷон куну хастагиятро рафъ кун ва баъд ҷонамро бигир.
Марг розӣ шуд. Мард барои шарбатбиёрӣ рафт ва дар даруни зарфи пуршарбат ду дона доруи хоб андохта овард. Марг шарбатро хӯрда, хобаш бурд. Мард фурсатро муносиб дониста, рӯйхатро гирифта номи худро аз ҳама охир навишт.
Марг аз хоб бедор шуд ва гуфт:
– Эй инсони накӯкор. Шарбатат нихоят ширин будааст. Нӯшида хобам бурд. Аз ин эҳтирому эътиборат мамнунам ва ҳамчун рамзи миннатдорӣ гирифтани ҷони одамонро аз охири рӯйхат сар мекунам.
