Вақти шом: Творог маҳсулоти аз сафеда бой аст. Хӯрдани он бегоҳӣ мубодилаи моддаҳоро баланд нигоҳ медорад, ки барои назорат кардани вазн ва нигоҳ доштани пайкари зебо мусоидат мекунад.
Вақти субҳ: Творог дар меъдаи холӣ чунин таъсир надорад. Онро бо мева ва ё буттамева барои субҳона бихӯранд, муфид аст ва ҳазмаш осонтар мешавад.
Протеини казеин, ки дар творог мавҷуд аст оҳиста ҳазм мешавад, бинобар ин шабона мушакҳоро ғизо дода, муддати тӯлонӣ эҳсоси сериро нигоҳ медорад!
Ҳамин тавр, барои мубодилаи солим ва сер шудан, творогро шабона бихӯред ва субҳ онро дар омехтаи сабук бо меваҳо бихӯред.
