Ovozi.uz

Суғуртаи хидматрасонии тиббии кафолатнок чист?

Аз соли 2021 ба таври таҷриба дар вилояти Сирдарё суғуртаи тиббии давлатӣ ҷорӣ карда шуд. Он дар асоси озмоиш ва таҳлилҳои хулосавӣ аз соли 2024 дар шаҳри Тошканд ва дигар вилоятҳо тадриҷан ба амал бароварда мешаванд. Ин як навигарӣ барои ҳаёти мардуми мо ба ҳисоб меравад.

— Роҳандозии суғуртаи тиббӣ арзиши хидматрасонии тиббиро коҳиш дода, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои тиббии интихобкардаашон хидмати босифати тиббӣ гиранд, — дар оғози суҳбат гуфт иҷрокунандаи вазифаи роҳбари бахши ҳудудии Хазинаи суғуртаи тиббии давлатӣ дар вилояти Самарқанд Даврон Раззоқов. — Баробар ва бидуни «нарзи даст» таъмин намудани аҳолӣ бо хизмати кафолатноки тиббӣ аз талаботи аз ҳама муҳими ислоҳот мебошад. Яъне, дар доираи баста (пакет)-и кафолатнок хизмати тиббии бепул расонда мешавад. Дар ин ҳолат, хидмати табибони оилавӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, муоинаи профилактикӣ ва баъзе доруворҳо аз ҷониби давлат таъмин карда мешаванд. Ҳадафи асосии суғуртаи тиббӣ аз он иборат аст, ки табақаҳои камдаромад, бекор ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд низ ба хидматҳои тиббӣ дастрасии ройгон ё имтиёзнок дошта бошанд.

— Дар сурати амалӣ шудани суғуртаи давлатии тиббӣ дар соҳаи хидмати тиббӣ чӣ гуна навигариҳо рӯй медиҳанд?

— Пештар муассисаҳои статсионарӣ «ба ҷой» ва муассисаҳои амбулаторӣ аз ҳисоби ҳар сари аҳолӣ бо пул таъмин карда мешуданд. Дар ин сурат, ба муассисаҳои тиббӣ на аз рӯи сифату натиҷа, балки барои «ин қадар рӯз» ё «ин қадар одам» маблағ ҷудо мегардид. Акнун муассисаҳои статсионарӣ «аз ҳисоби буҷети глобалӣ», ё «аз рӯи натиҷаи табобатёбӣ» ва дар поликлиникаҳои амбулаторӣ вобаста ба синну сол ва ҷинс, «ба сари аҳолӣ» маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳаҷми хизматрасониҳои тиббии кафолатноки давлат маҷмӯи хизматрасониҳои тиббӣ ва доруворӣ мебошад, ки ба аҳолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ройгон расонида мешавад.

— Ба доираи хизматрасонии тиббии кафолатнок чиҳо дохил мешаванд?

— Доираи хизматрасонии тиббии кафолатнок хеле васеъ мебошад. Дар он таваҷҷӯҳи асосӣ ба хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ, масалан, ташрифи табибони оилавӣ ва ҳамшираи шафқат, хидмати патронажӣ (муоинаи тиббӣ ва нигоҳубин дар хона) дода мешавад. Дар асоси роҳхати табиби оилавӣ, ба мутахассиони соҳаҳои гуногун, муоинаи лабораторӣ ва инструменталӣ, дар ҳолати зарурӣ дар беморхонаҳо гирифтани муолиҷаи статсионарӣ, муоинаи скринингӣ, ваксинагузарониҳо, муоинаи тиббии занони ҳомила, ташкили таваллуд ва ёрии тиббӣ, ёрии таъҷилӣ ва таъҷилии тиббӣ, аз дорухонаҳо ройгон гирифтани доруворӣ дар асоси дорухати электронии табиби оилавӣ ва як қатор хизматрасониҳои дигар иборат аст.

— Одамон барои дастраси хидматҳои тиббии ройгон шудан чӣ бояд кунанд?

— Барои ин, пеш аз ҳама, ба поликлиникаи ҷои истиқомат муроҷиат кардан лозим аст. Духтури оилавӣ муоинаи заруриро мегузаронад ва агар зарур бошад, аз муоинаи мутахассисони соҳаҳои дигари махсус гузаронида, дар ҳолати зарурӣ бо роҳхат беморро барои табобат ба беморхонаҳо равон мекунад.

— Аҳолии мо ҳоло ба технологияҳои нав дуруст сарфаҳм намераванд. Як қисми духтурон низ ҳамин тавр. Роҳҳои ҳалли ин гуна мушкилот кадомҳоянд?

— Ин масъала дар ду самт ҳал карда мешавад. Якум, такмили ихтисоси кормандони тиб — тренингҳои махсус барои табибон ва ҳамшираҳои шафқат, машқҳои амалӣ, барномаҳои таълимӣ оид ба таҳияи роҳхатҳои электронӣ ташкил карда мешаванд. Барои аҳолӣ марказҳои суғуртаи давлатӣ, поликлиника ва ба воситаи матбуот раҳнамо, буклет ва видеороликҳо тайёр кардан зарур аст.

— Оё ягон маҳдудият дар давомнокии табобат вуҷуд дорад?

— Не. Системаи суғуртаи давлатии тиббӣ барои бемор ягон лимит муқаррар намекунад. Хароҷоти табобат пурра пардохта мешавад, аммо танҳо дар асоси протоколҳои клиникӣ ва стандартҳои тасдиқнамудаи Вазорати тандурустӣ барои хидматҳои берун аз бастаи суғуртаи давлатии тиббӣ (масалан, хидматҳои иловагӣ ё хидматҳои инфиродӣ дар клиникаҳои хусусӣ) бемор маблағи онҳоро худаш мепардозад. Мақсади асосии система таъмин намудани дастрасии бемаҳдуд ва кафолатноки аҳолӣ ба хизматрасониҳои зарурӣ ва асосноки тиббӣ мебошад.

— Дар ин бобат вазъият дар кишварҳои дигар чӣ гуна аст?

— Дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ӯзбекистон ҳам намудҳои суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва ҳатмӣ вуҷуд доранд. Аҳолӣ барои истифодаи хидматҳои иловагӣ ё клиникаҳои хусусӣ бо салоҳдиди худ полиси суғурта мехарад. Масалан, суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар кишварҳои Аврупо, инчунин дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар Россия, Қазоқистон, Қирғизистон амал мекунанд. Дар ин мамлакатҳо шаҳрвандон ва корфармоён ба фонди суғурта бадалпулӣ месупоранд. Суғуртаи давлатии тиббӣ дар Британияи Кабир, Украина ва Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст. Дар ин маврид маблағгузорӣ, асосан аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад. Дар Ӯзбекистон хусусияти хоси ин низом дар он аст, ки барои аҳолӣ сарбории иловагии молӣ вуҷуд надорад. Яъне, ба Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ пардохт намекунанд, ҳамааш аз ҳисоби давлат сурат мегирад.

— Кай дар вилояти мо татбиқи пурраи ин барнома ба нақша гирифта шуда буд?

— Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5‑уми сентябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои роҳандозии механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ» аз 1‑уми июли соли 2025 дар вилояти Самарқанд суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда шуд. Он шаффофияти сифати хидмати тиббӣ ва самарадории онро таъмин мекунад. Ҳоло тамоми муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир ва технологияи компутерӣ таъмин карда шудаанд. Платформаи ягонаи ахборӣ ташкил ва ба он ҳамаи клиникаҳо пайваст карда мешавад. Акнун дар системаи тиб низ назорат ва самаранокӣ ба даст хоҳад омад. Яъне, системаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати хидматрасонии тиббӣ таъсис дода мешавад. Оқилона додани роҳхатҳо назорат ва ҳар як сӯми маблағи сарфшударо якҷоя бо хадамоти хазинадорӣ тафтиш мекунанд. Аз нимсолаи дуввуми соли 2025 аҳолии вилояти Самарқанд имкони дарёфти фоидабарии суғуртаи тиббии давлатии кафолатнокро пайдо карданд.

Б.Ҷумъаев