Ovozi.uz

«Саховати Тайлоқ» рамзи фидокории кишоварзон аст

Дирӯз дар саҳни бинои Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии воқеъ дар ноҳияи Тайлоқ фестивали меваю сабзавоти «Саховати Тайлоқ» баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳокимияти вилоят, вакилони корхонаҳои коркарди сабзавот, ифтихормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ, нурониёни фаъол, саёҳони маҳалливу хориҷӣ ва меҳмонони шаҳру ноҳияҳои дигар иштирок карданд.

Фестивалро бо суханони муқаддимавӣ ҷонишини якуми ҳокими вилоят Шербек Буранов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба заҳмати шабонарӯзии деҳқонону боғдорон сухан ронда, ба корҳои минбаъдаи онҳо муваффақиятҳо таманно намуд.

— Ман як умр дар соҳаи кишоварзӣ кор кардам, — гуфт ҳангоми баромадаи худ, Фахрии меҳнати дараҷаи якум, соҳиби медали «Шуҳрат» ва оредни «Дӯстӣ» Тӯхта Худойназаров. — Барои ташкили чунин як чорабинии бошукӯҳ ба роҳбарони вилояту ноҳия аҳсант мегӯям. Дар сабзавоткориву парвариши боғу токзор ноҳияи мо ҳамеша пешқадам буд ва ҳамин хел ҳам ҳаст. Олимони пурқуввати соҳаи кишоварзӣ ҳам дар ноҳияи мо ба воя расидаанд. Замини мо серҳосил аст. Бинбар ҳамин, ду боғи Амир Темур — Боғи зоғон ва Боғи давлатобод ҳам дар ин ҷо ташкил карда шудаанд. Имрӯзҳо натиҷаҳои фаъолияти деҳқонон, боғдорон ва хоҷагиҳои фермериву деҳқониро дида, хурсанд мешавем. Албатта, мо — нурониён ҳам дар канор намонда, дар пешравии корҳои онҳо ҳисса мегузорем.

Рағбатнокгардонии ғолибон ҳам бо рӯҳияи баланд гузашт. Аз рӯи номинатсияҳо ба роҳбарони корхонаҳои коркарди сабзавот, роҳбарони агрофирмаҳо ва фаъолони соҳаҳои кишоварзиву ёварони онҳо ба таври тантанавӣ тӯҳфаву ташаккурномаҳои ҳокимияти вилояту ноҳия супурда шуд.

Дар байни мукофотгирифтагон роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳайитбой ота» Фазлиддин Турсунов ҳам буд.

— Дар хоҷагии «Ҳайитбой ота»-и мо 10 нафар деҳқонон кор мекунанд, — гуфт ӯ ҳангоми сӯҳбат. — Дар ихтиёри хоҷагии мо 84 гектар замин мавҷуд аст. Мо дар қитъаҳои замини худ асосан ҷуворимакка, пиёз ва картошка мекорем. Ба туфайли ғайрату меҳнати деҳқонон ҳар сол ҳосили фаровон мегирем. Имсол ҳам ҳамин хел шуд ва ба гирифтани тушаккурнома ва тӯҳфаҳаи қиматбаҳои ҳокимияти ноҳия мушарраф гардидем.

Мо дар ҷараёни фестивал бо нозири фитосанитарии дар ноҳияи Тайлоқбудаи Садорати карантин ва ҳимояи растаниҳои вилояти Самарқанд Алиҷон Халилов вохӯрдем.

— Майдонҳои боғу токзори ноҳияи мо васеъ аст ва қариб ба майдони 2,5 ҳазор гектар сабзавоту картошка парвариш карда мешавад, — гуфт А. Халилов. — Бо деҳқонону боғбонҳо ба таври доимӣ ҳамкорӣ мекунем. Парвариши ниҳоли боғҳову растаниҳои зироати кишоварзиро назорат карда, барои пешгирии бемориҳо ва нест кардани ҳашароти зараррасон маслиҳатҳои зарурӣ медиҳем. Дар натиҷаи чунин ҳамкориҳо ҳосили имсолаи кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ табъи дил шуд. Дар ин бобат махсусан, хоҷагиҳои аграрии «Сиёб Шавкат Орзу», «Акмал Тошпӯлодович», «Худойбердиев Озод Шодиқулович», Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Боғизоғон» ва ғайра ба комёбиҳои калон ноил гардиданд.

Дар фестивал тамошобинону меҳмонони зиёд аз намоишгоҳҳо баҳраманд гардиданд. Дар ин ҷо, инчунин дастовардҳои меваю сабзавоти кишоварзони ноҳияҳои Ургут, Ҷомбой, Булунғур ва Самарқандро низ ба маърази тамошо гузошта буданд.

— Ман аз маҳаллаи Сочаки болои ҳамин ноҳия ҳастам, — гуфт Ҳусния Қаюмова. — Аз тамошои намоишгоҳи фестивали меваю сабзавоти «Саховати Тайлоқ» як ҷаҳон таассурот гирифтам. Худи ман ҳам дар соҳаи кишоварзӣ кор кардаам. Аъзои собиқ хоҷагии ҷамоавии ба номи Киров (ҳоло «Соҳибкор») будам. Он солҳоро бо замони ҳозира муқоиса кардан душвор аст. Ман имрӯз комёбиҳои деҳқону боғбонҳои ноҳияамонро дида, хеле мамнун шудам.

Дар худи ҳамин ҷо барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал гала-консерт ташкил гардид.

Дар маҷлисгоҳи калони институт бошад, бахшида ба мавзӯъҳои обёрии қат­равии замин, хоҷагидории гармхона, биотехнология, барои ба даст овардани ҳосили фаровон офаридани навъҳои нави зироати хоҷагии қишлоқ, роҳандозии системаи мониторинги рақамӣ ва ғайра анҷумани илмӣ-амалӣ гузаронида шуд.

Бояд хотиррасон кард, ки ноҳияи Тайлоқ дорои 27816 гектар замин буда, 12299 гектари онҳо дар соҳаи кишоварзӣ истифода бурда мешаванд. Соли равон дар ноҳия 44,2 ҳазор тонна сабзавот, 70 ҳазор тонна картошка, 17,6 ҳазор тонна мева ва 52 ҳазор тонна ангур истеҳсол карданд. Инчунин, як қисми муайяни ҳосил, ки аз 2618 гектар ангурзор ва 881 гектар боғ гирифта шуданд, коркард карда, 9 ҳазор тоннаашро ба содирот бароварданд.

Б.ҶУМЪАЕВ