Ovozi.uz

Таълими дуалӣ — коҳиши норасоии кадрҳо

Дар Самарқанд зимни лоиҳаи «Дастгирии ҷараёни ислоҳот ва модернизатсия дар сохтори таълими касбиву ҳунарии Ӯзбекистон (TexVET)»-и GIZ таҳти мавзӯи «Таълими дуалӣ ояндаи Ӯзбекистонро ташаккул медиҳад» анҷумани байналмилалӣ баргузор гардид.

Анҷумани мазкур бо ибтикори GIZ GmbH — Ҷамъияти байналмилалии ҳамкории Германия дар ҳамкорӣ бо Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иттиҳоди «Ӯзтӯқимачиликсаноат» ташкил карда шуд.

Дар он ҷонишини якуми Вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Сардор Раҷабов, ҷонишини Вазири ихтисори камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ Алишер Муратов, роҳбари лоиҳаи Ҷамъияти байналмилалии ҳамкории Германия Маттиас Клингенберг, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Ҳусан Тӯхтаев, намояндагони институт ва иттиҳодияҳои бофандагӣ, шарикҳои иҷтимоӣ ва мутахассисони маҳаллӣ, инчунин мутахассисон, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо ташриф овардаанд, иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ натиҷаҳои ниҳоии лоиҳаи чорсолаи TexVET I, ки ба бахши нассоҷӣ нигаронида шудааст ва моҳи декабри соли 2025 ба анҷом мерасад, баррасӣ шуда, оид ба лоиҳаи нави TexVET II, ки бисёр бахшҳоро фаро мегирад ва дар солҳои 2026–2028 амалӣ мегардад, табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки имрӯз бо назардошти талаботи бозори меҳнат омода кардани кадрҳо дар асоси таълими дуалӣ дар саросари ҷаҳон васеъ истифода мешаванд ва самаранокии баланд доранд. Солҳои охир дар Ӯзбекистон низ аз ин низом барои омода кардани ҷавонон дар муассисаҳои таълимии касбӣ самаранок истифода мебаранд. Лоиҳае, ки аз ҷониби Ҷамъияти байналмилалии ҳамкории Германия амалӣ мегардад, дар ин замина як қадами муҳим буда, қайд карда мешавад, ки он барои расидан ба мақсадҳои стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» дар соҳаи таълим мусоидат мекунад.

— Таваҷҷуҳи махсус, ки имрӯз дар Ӯзбекистон ба таълими дуалӣ дода мешавад, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ин рӯ, дар ин бора бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории қавӣ ба роҳ монда шудааст, — гуфт С.Раҷабов. — Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Германия, ки дар соҳаи таълими дуалӣ таҷрибаи ғанӣ дорад, як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки таҷрибаи ин кишварро омӯзем ва низоми таълими касбии худро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монем. Ба ин восита сифати таълим баланд ва ҳамкориҳо бо кордиҳандагон мустаҳкам мешавад ва ба омода кардани мутахассисони касбҳои муосир ноил мегардем.

Дар доираи анҷуман маҷлиси умумӣ, семинар, намоишгоҳ ва экскурсияҳо гузаронида шуданд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ