Ҷавобгӯӣ, ҷавобия, ё худ муҷобот дар таърихи адабиёти тоҷик чун яке аз намудҳои маъмултарини қуввасанҷии суханварон барои фаҳмидани дараҷаи маҳорати онҳо васеъ истифода шудааст. Дар асрҳои миёна, ба хусус дар шаҳрҳо маҳфилҳои зиёди адабӣ арзи вуҷуд кардаанд, ки дар онҳо аҳли адаб ва суханварони номӣ гирдиҳам омада, аз дастовардҳои ҳамқаламон баҳра бурдаанд ва гоҳо барои намоён сохтани тавоноӣ ва бартарии худ, дигаронро ба мушоира даъват намудаанд. Муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ низ дар асарҳои худ намунаҳои чунин баҳсҳои ҷолибро зикр карда гузаштаанд ва дар қолаби рубоӣ баён гардидани ҳиссае аз онҳо қобили тазаккур аст.
Нақл мекунанд, ки боре дар маҷлиси яке аз шоҳзодагони темурӣ, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Камолиддин Биноӣ ҳузур доштаанд, сухан аз ҳозирҷавобӣ ва бадеҳагӯӣ мерафт. Шоҳзодаи темурӣ хост, ки ин ду танро дар фанни шоирӣ имтиҳон кунад. Ӯ ба Ҷомӣ хитобан гуфт:
— Мехоҳам ин чаҳор чиз: чароғ, ғирбол, нардбон ва турунҷ дар як чанд мисраъ шеър ғунҷонда шавад. Ҷомӣ дар ҷавоб бадоҳатан ин рубоиро суруд:
Эй гашта чароғи давлатат бадри мунир,
Ғирбол шавад синаи аъдо-т ба тир.
Бар паллаи нардбони ҳиммат неҳ пой,
В-аз авҷи фалак турунҷи давлат баргир.
Шоҳзода пас аз шунидани ин рубоӣ ба Биноӣ рӯ оварда, аз ӯ хост, ки ин чаҳор чиз: манқал, тос, «Шарҳи Шамсия» ва кулоҳро дар шеъре ҷой диҳад. Биноӣ низ фавран ин рубоиро иншо намуд:
Чун манқал агарчи дуди оҳе дорем,
Бар тоси фалак на коргоҳе дорем.
Бо мо сухане зи «Шарҳи Шамсия» магӯ,
Мо низ аз ин намад кулоҳе дорем.
Чунин ҳозирҷавобию сухандонии шуаро боис шуда буд, ки қадри шеъру шоир мақоми хеле баландро соҳиб гашт. Мувофиқи нақли тазкираҳо, мушоираи дигари аҷиб бо шоири маъруф Ҳашмати Шерозӣ низ рух додааст. Чунончи, ӯ рӯзе дар маҷлиси табъозмоии адибон иштирок дошт. Дар маҳфил чаҳор калимаи зерин: айнак, пунба, сабҳа, май дар миён гузошта шуда, ҳозирин қарор доданд, ки бо истифодаи ин калимаҳо муддаиён яктоӣ рубоӣ гӯянд. Яке аз шоирон гуфт:
Дӯш аз пайи дидани маҳ ин моҳи тамом,
Бар чашм ниҳод айнаку рафт ба бом.
Маҳ диду фиканд сабҳаву гуфт маро:
Кан пунба зи минои маю рез ба ҷом.
Шоир Ҳашмат ҳам филбадеҳа ин рубоиро гуфт:
Мӯйи сияҳам чу пунба гардид сафед,
Аз заъфи басар ба айнакам кор кашид.
Паймонаи май ба дигарон арзонӣ,
Аз сабҳаву саҷҷода кунам гуфту шунид.
Чунин баҳсҳои адабӣ, ки ба як навъ мусобиқаи шоирона табдил ёфта буд, гоҳо барои кашфи истеъдодҳои нодир ё худ барқарор кардани ҳаққонияти мақоми шоир низ нақши асосӣ доштааст. Масалан, баъд аз он, ки ба Муҳаммадтақии Баҳор рӯй дода буд. Падари ӯ Мирзо Муҳаммадкозими Сабурӣ низ шоири машҳур буда, ба унвони баланди «Маликушшуаро» соҳиб шуда буд. Вақте ки соли 1904 ӯ вафот кард, бо фармоиши Музаффариддиншоҳи Қоҷор ин унвонро ба Баҳор вогузор намуданд. Дар натиҷа, иддае аз афроди ҳасуд аз ин норозӣ шуда, даъво карданд, ки ӯ унвони мазкурро ба туфайли обрӯи падараш соҳиб шудааст ва тақозо карданд, ки барои собит кардани унвон дар назди ҳайъати махсус бояд аз имтиҳон гузарад. Чунин ҳайъатеро низ доир карданд ва ба шоир дастур доданд, ки аз чаҳор калимаи тамоман ба ҳамдигар иртиботи мантиқӣ надошта: тасбеҳ, чароғ, намак, чанор рубоие сарояд. Баҳор низ фавран ҷавоб дод:
Бо хирқаву тасбеҳ маро дид чу ёр,
Гуфто: зи чароғи зуҳд н-ояд анвор.
Кас шаҳд надидааст дар кони намак,
Кас мева начидааст аз шохи чанор.
Бо вуҷуди ҷавоби муносиби шоир, аъзои ҳайъат инро як ҳодисаи тасодуфӣ шумориданд ва аз ӯ боз дархост карданд, ки аз чаҳор калимаи дигар: хурӯс, ангур, дарафш, сабӯс рубоии дигаре гӯяд. Баҳор бадоҳатан ҷавоб дод:
Бархост хурӯси субҳ, бархез, эй дӯст,
Хуни дили ангур фикан бар рагу пӯст.
Ишқи ману ту қиссаи мушт асту дарафш,
Ҷаври туву дил қиссаи санг асту сабӯст.
Аъзои ҳайъат ва ҳозирин ба истеъдоди фавқулоддаи ӯ ва ба қобилияти фитрияш тан додаанд.
Дар ҳама давру замон баҳсу мушоираҳои адабӣ, ки холисона баргузор шудаанд, барои муайян кардани дараҷаи маҳорати суханвар ва сараро аз сақат ҷудо кардан аҳамияти муҳим доштаасту дорад ва аз ҷониби ноқидони сухан мавриди пажӯҳишоти алоҳида қарор додани он аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Фозили ШУКУРӢ
