Ovozi.uz

Оё шуморо дӯст медоранд?

Ба онҳо худро бепарво нишон надиҳед. Вақте меояд, онҳоеро, ки шуморо дӯст медоранд, пайдо карда наметавонед.

Касе ҳамеша ба кори шумо аҳамият медиҳад. Шумо инро ҳатто пай намебаред.

Касе, ки дарду-аламҳояшро бо табассум ҳикоя мекунад, донед ки ӯ ҳазор маротиба аз дарун мурдааст.

Касе шуморо дида ба нодонӣ мезанад ва худро надида мегирад, пас шумо дар зеҳни ӯ мисли барқ медурахшед.

Баъзе вақтҳо шумо ба чизҳои хостаатон нарасидаед? Эҳтимол, он чизе, ки шумо ба даст оварда натавонистед, ин неъмати бузургест, ки ба шумо дода шудааст.

Шумо хоҳ хандед, хоҳ гиря кунед, ҳаёт мегузарад. Бинобар ин, ҳамаи дардҳоятонро ба дӯш нагирифта, аз онҳо халос шавед, онҳоро аз ёд бароред ва табассум кунед!