Ovozi.uz

Мактуби беимзо

Соли 1971 маро нав ба факултети мусиқаи Донишкадаи педагогии Самарқанд ба кор қабул карда буданд. Рӯзе устод Салим Кенҷа маро бо мудири кафедраи педагогика, дотсент Мӯъмин Фаттоев шинос намуданд. Устод ному фамилияи маро шунида, якбора «Ту набераи Ҳамроқулбек-а?» гуфта пурсиданд. Ман ба маънои «ҳа» сар ҷунбондам.

Сипас, Мӯъмин Абдуллоевич дар бораи бобоям Ҳамроқулбек воқеаеро ҳикоя карданд:

Дар давре, ки ҳаракати ҷадидӣ хеле авҷ гирифта буд, халқи меҳнаткаш аз мавзеъҳои гуногун фарзандони худро ба мактабҳои ба услуби ҷадидӣ ташкил шуда меоварданд. Як гурӯҳ муллоҳои камсавод, ки тарафдори мактаби кӯҳна буданд, аз чунин ранг гирифтани вазъият норозӣ шуда, ба пайтобаашон кайк даромад. Онҳо бо тамоми қувва ба фаъолият пеш бурдани мактабҳои нав зид буданд. Бинобар ин, ҳамон 3–4 муллои камсавод муттаҳид шуда, зидди ҷадидон фитна тайёр карданд. Яке аз рӯзҳо ба ҳавлии домулло Шакурӣ хати беимзо партофта рафтанд: «Агар ба зудӣ мактабро, ки дарсҳои кофирҳо таълим дода мешавад, набандӣ, худат ва аъзои хонаводаатро тамом мекунем». Шакурӣ ин хатро хонду руҳафтода шуд ва ба маслиҳати дӯс­тону шогирдонаш ба Ҳамроқулбек, ки худаш дарс дода буд, муроҷиат кард. Вай рӯзи дигар муллоҳоеро, ки дар мактабҳои усули кӯҳнаи деҳаҳои Раҷабамин, Оқмачит, Рус­там ва Мӯлиён дарс медоданд ва ба мактабҳои ҷадидон зид буданд, дар як ҷо гирд оварду гуфт:

— Эй аҳли мусулмон, даври авомии мо гузашт, вале фарзандони мо бояд аз илмҳои дунявӣ баҳра гиранд. Мактаби усули нав айнан ба усули замонавӣ мутобиқ карда шудааст. Устодоне чун домулло Шакурӣ аз мамлакатҳои дигар илм омӯхта, онро ба ҷавононамон меомӯзанд. Ин чӣ бадӣ дорад?! Акнун ба масъалаи хат биёем, соҳиби дастхати беимзоро, ки ба домулло Шакурӣ навишта шудааст, мешиносед? Ба ман зуд муаллифи ҳамон хатро ёфта медиҳед. Дар акси ҳол аз ман некӣ мунтазир нашавед!

Ҳамроқулбек сухани худро ба анҷом расонду ҳамон дастхат­ро ба яке аз ҳозирин дод. Ҳамин вақт, аз байни издиҳом 3–4 нафар шахс аз гиребони нобакоре дошта, ба назди Ҳамроқулбек оварданд. Ӯ гиря карда, бо илтиҷо гуфт:

— Душманон ба ман маҷбуран ин хатро нависонданд. Ман хатои худро ҳоло фаҳмидам. Ин ҳол дигар такрор намешавад. Тавба кардам.

Ҳамроқулбек «Ман дар куҷое бошам, агар касе ба домулло Шакурӣ ва ҷадидони шабеҳи ӯ хавф андозад, аз ман ҳеҷ гоҳ некӣ мунтазир нашавад» гуфту аз давра баромада рафт. Пас аз ҳамин, дар мактаби Шакурӣ донишомӯзон ва толибилмҳо бисёр шуданд. Ҳамроқулбек, инчунин ҷадидони дигарро низ дар чунин ва дигар ҳолатҳои душвор дастгирӣ ва ба рушди фаъолияти корӣ ва эҷодии онҳо кумак намудааст.

Ҳа, он замонҳо гузашта, ҳоло дар Ӯзбекистони Нав усули таълим, мактабҳо ва технологияҳои нав дар ихтиёри донишомӯзон аст. Яке аз шогирдони мактаби рақами 52‑юми шаҳри Самарқанд Илҳом пас аз хатми мактаб бо сохтани иморатҳои замонавӣ машғул аст. Дар натиҷаи меҳнати самараноки чунин бинокорон, бисёр хонадонҳо соҳиби хонаҳои нави замонавӣ шуданд. Модари Илҳом Рустамов Гулсарахон Рустамова (Ёдгорова) ба сифати омӯзгори маърифатпарвар ва донишманд дар мактаби рақами 5‑уми шаҳри Самарқанд беш аз 30‑сол ба донишомӯзон сабақ дод. Барои соҳибилм, бомаърифат ва соҳибҳунар шудани онҳо ҳиссаи калон ҳамроҳ кард.

Равшан ҲАМРОҚУЛОВ,
профессори кафедраи санъатшиносии ДДС