22-юми октябр дар Маҷмуаи сайёҳии Самарқанд бо ташаббуси Маркази илмӣ-таълимии «Инсон. Фарҳанг. Сулҳ» дар назди Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд (SIUT) бахшида ба се чорабинии муҳим вохӯрии тантанавӣ баргузор гардид.
Ин чорабиниҳо Рӯзи шаҳри Самарқанд, 43-юмин Конфронси умумии ЮНЕСКО ва муаррифии асари нави фундаменталии Анатолий ва Владимир Ионесовҳо бо номи «Инсон. Фарҳанг. Сулҳ: Сӯҳбатҳо бо ҳамзамонони машҳур роҷеъ ба дарки фарҳанг ва идроки ҳаёт дар асри 21» буданд.
Агар равшанфикрони кишарамон ва берун аз он ба чорабиниҳои сатҳи баланду байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Юсуф Абдуллоев гузаронида мешаванд, одат кардаанд гӯем, хато намешавад. Хизмати матбуоти донишгоҳ дар ин бора гузориши муфассал нашр кард, ки дар шакли калон пешниҳод ва бо аксҳо оро дода шудааст.
Чорабинии мазкурро ректори SIUT, профессор Ю.Абдуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ӯ меҳмононро самимона истиқбол карда, қайд намуд, ки ин нашри китоб дар арафаи 43-юмин Конфронси генералии ЮНЕСКО омода шудааст. Ӯ инчунин бо ифтихор таъкид кард, ки ин конфронси таърихӣ бори аввал дар таърихи созмон берун аз Париж — дар шаҳри бузурги Самарқанд баргузор мешавад.
Дар суханронии худ, профессор Абдуллоев иштироки фаъоли SIUT-ро дар рушди ҳамкории байналмилалии академӣ алоҳида қайд намуд.
— Дар ин раванд нақши маркази илмӣ-таълимии «Инсон. Фарҳанг. Сулҳ», ки соли 2023 дар дохили донишгоҳ таъсис ёфтааст, беҳамто буда, ин марказ ҳамкории байналмилалии илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин ғояҳои сулҳ ва дипломатияи байналмилалиро таблиғ мекунад, — гуфт ӯ.
Қисми асосии чорабини аз тақдимоти китоб оғоз ёфт. Дар он андешаҳо ва мулоҳизаҳои дорандагони ҷоизаи Нобел, олимон, нависандагон, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои фарҳангиро дар бораи башардӯстӣ, фарҳанг ва сулҳ дар асри 21 гирд омадааст. Китоб таҳти таҳрири профессор Ю.Абдуллоев рӯи чопро дидааст.
Дар чорабинӣ инчунин видеои омодашуда дар бораи ЮНЕСКО аз ҷониби донишҷӯёни SIUT намоиш дода шуд. Дар он ҷавонон роҷеъ ба рисолат, ҳадафҳо ва самтҳои асосии созмон суханронӣ карда, ташаббусҳоеро, ки ба таҳкими маориф, илм, фарҳанг ва сулҳи байналмилалӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ нигаронида шудаанд, таъкид карданд.
Дар поёни чорабинӣ, профессорони гуногунзабони донишгоҳ суруди «Самарқанд»-и А. Умероваро бо даҳ забони ҷаҳон сароиданд ва ба тамошобинон ҳамоҳангии воқеии байналмилалӣ ва мӯъҷизаи мусиқиро пешкаш намуданд.
