Мағзи бодомро дар саноати хӯрокворӣ, тиб, атриёт ва саноати бофандагӣ фаровон истифода мебаранд, конфет, торту кулчақанд, равған ва оби бодом тайёр мекунанд. Ғӯраи бодомро то шах шудани донакаш намак ё шакар пошида мехӯранд.
Мағзи бодом давобахш аст. Табибони мардумӣ мағз, равған, барг ва гули бодоми ширинро даво меҳисобанд. Истеъмоли 0,5-2,0 қошуқ равғани бодом барои табобати қабзият, газак, халаи музмин ва бемориҳои роҳи нафас (бронхит) муфид мебошад. Табибон бо мағзи бодоми ширин зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Бо ин мақсад рӯзи якум истеъмоли 5 дона (2-3 маротиба) бодом тавсия мешавад; рӯзҳои баъди миқдори онро 5-донагӣ афзуда, баъди 4-5 рӯз тақр. ба 70 дона мерасонанд. Сипас, миқдори истеъмоли мағзро ба ҳамин тартиб кам карда, ба 15 адад меоранд ва ба табобат хотима мебахшанд. Марҳами барги тари бодом барои доғи кунҷидак, думбал ва ҷароҳати фасоддори пӯст нофеъ аст. Агар бодомро то бӯяш баромадан тафсонда, баъд мағзи онро ҷудо карда бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро мебандад, сустии меъдаро дафъ мекунад, маниро зиёда менамояд. Агар 17,5 г мағзи бодомро кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, дарди ҷигар ва сурфаро шифо мебахшад. Аз мағзи кӯфтаи бодом «шири бодом» таҳия мекунанд, ки дар пардозгарӣ истифода мешавад.
Агар решаи бодоми талхро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, сипурз ва гурдаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад. Мағзи онро кӯфта, бо сирко ё шароб сиришта гузошта банданд, решҳои кӯҳна ва даванда, обилаҳои тар, шукуфаи пӯст, қӯтур, хориш ва аллергияи пӯстро шифо мебахшад.
