Ovozi.uz

Нархи ҳақиқӣ

Як тоҷир дар Африқо алмос харид, ки калонии он баробари тухми кабӯтар буд. Он як камбудӣ дошт — дар байн ҷойи кафидаи на чандон калоне дошт. Тоҷир барои маслиҳат ба заргар муроҷиат кард ва ӯ гуфт:

— Ин сангро ба ду ҳисса тақсим кардан мумкин аст, ки ҳар кадоми он ду бриллианти олиҷанобе мешаванд ва ҳар яки он якчанд маротиба аз алмос қимматтар меистад. Вале як зарбаи ноэҳтиёткорона ин аҷоиботи табиатро шикаста, ба як каф сангчаҳои майдатарин мубаддал гардонданаш мумкин аст, ки онҳо як тийин арзиш доранд. Ман ин хел таваккал карда наметавонам.

Заргарҳои дигар ҳам ҳамин хил ҷавоб доданд. Рӯзе ба вай маслиҳат доданд, ки ба заргари пире аз Лондон ки дастонаш тиллоӣ аст, муроҷиат намояд. Вай ҳам сангро аз назар гузаронида, боз аз хатарнокии ин кор накл кард. Тоҷир гуфт, ки ин гуна қиссаро вай аллакай аз ёд медонад. Он гоҳ заргар барои ёрӣ додан розӣ шуд ва хизматонаи хуби корашро баён кард. Вақте ки тоҷир розӣ шуд, заргар шогирди ҷавони худро даъват кард. Вай сангро ба даст гирифта, як маротиба бо болғача ба алмос зад ва онро ба ду ҳиссаи баробар шикаст.Тоҷир ба ваҷд омада пурсид:

— Ин ҷавон кай боз дар шумо кор мекунад?

— Ҳамагӣ се рӯз боз. Вай нархи ҳақиқии ин сангро намедонад ва бинобар ҳамин, дасти вай наларзид.

©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова