Ovozi.uz

Таърих, имрӯз ва ояндаи ҳамкориҳо бо созмони байналмилалӣ

Ташкилоти СММ роҷеъ ба таълим, фан ва маданият — ЮНЕСКО 16‑уми ноябри соли 1945 ташкил шудааст. Оинномаи созмон 4‑уми ноябри соли 1946 ба амал даромад ва ин санаро Рӯзи ташкилёбии ЮНЕСКО эълон карданд.

Мақсади асосии ЮНЕСКО расондани ёрӣ ба пойдории сулҳ ва бехавфӣ бо ривоҷдиҳии ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба воситаи таълим, фан, маданият ва коммуникатсияҳо мебошад. Ташкилоти байналмилалии мазкур дар ҳалли масъалаҳои васеъмиқёс чун мубориза бар зидди бесаводии умумӣ, рушди соҳаи маориф, омӯхтани маданиятҳои миллӣ, ҳифзи муҳити атроф ва ёдгориҳои маданӣ ҳиссаи калон мегузорад.

Қароргоҳи асосии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 3‑юми ноябри соли 1958 кушода шудааст.

Аз соли 2017 ба ташкилот Одри Азулеи фаронсавӣ роҳбарӣ кард. Ба қарибӣ дар интихоботе, ки дар созмон баргузор гардид, Холид Ал-­Ананӣ Сардиректори ЮНЕСКО интихоб шуд.

Ӯзбекистон 26‑уми октябри соли 1993 узви ЮНЕСКО шуд. Дар соли 1996 дар шаҳри Тошканд ваколатхонаи ташкилотро кушоданд. То ҳол аз Ӯзбекистон ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО 7 объектро дохил карданд — маҷмӯи Ичан-қалъа дар Хива, Маркази таърихии шаҳри Бухоро, Маркази таърихии Шаҳрисабз, Самарқанд — чорроҳаи маданиятҳо, Тяншони ғарбӣ, дараи Зарафшон — Қароқули Роҳи бузурги абрешим ва чӯлҳои Тӯрон.

Боз як рӯйхати ЮНЕСКО — Рӯйхати репрезентативии мероси мадании ғайримоддии инсоният. Дар ин рӯйхат 16 элементи мероси мадании моддии халқи Ӯзбекистон, аз ҷумла пас аз соли 2016 11‑тои он дохил карда шудааст. Инҳо — «Шашмақом», «Анъанаҳои мадании Бойсун», «Суруди калон», «Аския — санъати зуккоҳо», «Маданият ва анъанаҳои бо палав вобаста», «Маркази рушди ҳунармандии Марғилон», «Ҳифзи технологияҳои анъанавии бофтани атлас ва адрас», «Лазги», «Санъати миниатюра», «Бахшигӣ», «Санъати анъанавии истеҳсоли абрешим», «Ҳикояҳои анъанавӣ дар бораи Хоҷа Насриддин», «Санъати кулолӣ ва наққошӣ», «Ифтор ва анъанаҳои иҷтимоӣ — мадании он» ва «Санъати сохтан ва навохтани рубоб». Ҳоло барои ба рӯйхати репрезентативии мероси мадании ғайримоддии инсоният даровардани элементҳои наве чун «санъати кашидадӯзӣ», «донишҳои амалӣ ва таҷриба барои тайёр кардани ӯтов (чодир)-ҳои қароқалпоқӣ», «Санъати сохтани қӯбиз ва навохтани он», «тайёр намудани кигизи анъанавӣ» ва «гӯштӣ (кураш)-и ӯзбекӣ» ба ЮНЕСКО тақдим гардидаанд.

Дар соли 1995 дар доираи барномаи «Роҳи абрешим — роҳи мулоқот» дар Самарқанд Институти тадқиқотҳои Осиёи Марказӣ кушода шуд, ки таърихи сивилизатсияҳои минтақавиро меомӯзад.

Соҳаи мамнӯъгоҳи биосферии умумиҷаҳонӣ боз як самти муҳими фаъолияти ЮНЕСКО мебошад, ки ба он 2 объекти Ӯзбекистон дохил карда шудаанд. Инҳо — резервати биосферии Чотқол (1978) ва резервати давлатии биосферии Амударёи поин (2021).

Дар соли 2022 Ӯзбекистон бори аввал дар таърих аъзои кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси мадании ғайримоддии ЮНЕСКО интихоб шуд.

Дар Ӯзбекистон зери сарпарастии ЮНЕСКО бисёр корҳо амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, 1050-солагии таваллуди Абурайҳон Берунӣ (2023), 1000-солагии таваллуди Абуалӣ ибни Сино (1980), 600-солагии таваллуди Мирзо Улуғбек (1994), 660-солагии таваллуди Амир Темур (1996) васеъ ҷашн гирифта шуданд. Ба муносибати 2500-солагии шаҳрҳои Хива (1997), Бухоро (1997) ва Термиз (2002), 2700-солагии Самарқанд (2002) дар доираи барномаҳои махсус чорабиниҳои калон баргузор гардиданд. Рӯзҳои таваллуди якчанд симоҳои маъруф чун Имом Бухорӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Имом Мотуридӣ, Имом Тирмизӣ ва Баҳоуддини Нақшбандро низ васеъ қайд намуданд.

Дар мамлакатамон бо ёрии ЮНЕСКО якчанд чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ аз қабили «Таронаҳои Шарқ», «Санъати бахшигӣ», фестивалҳои ҳунармандӣ, «Санъати мақом» гузаронда шуданд.

То соли 2023 ба реестри «Хотираи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО «Қуръони муқаддаси усмонӣ», ки дар шаҳри Тошканд маҳфуз аст, маҷмӯи дастхатҳо, ки дар Донишгоҳи шарқшиносии ба номи Берунӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуҷҷатҳои девонхонаи хонигарии Хиваро дохил карда буданд. Дар солҳои 2023–2024 маҷмӯи ҳуҷҷатҳо оиди таърихи Ӯзбекистон — қуллиёти Мавлоно ва бойгонии маъмурияти Қушбегии аморати Бухоро, маҷмӯи аксҳои Худойберган Девонов ва албоми Туркистонро ба реестри мазкур дохил намуданд.

Дар соли 2024 Ӯзбекистон узви комили Маркази байналмилалии тадқиқотҳо роҷеъ ба ҳифз ва тармими ёдгориҳои маданӣ шуд, ки органи машваратии ЮНЕСКО мебошад.

Рӯзи 1‑уми апрели соли 2025 дар қароргоҳи асосии ЮНЕСКО бахшида ба мероси мадании бойи Ӯзбекистон ва Сарконференсияи Самарқанд дар мавзӯи «Ӯзбекистон — дар чорраҳаи Роҳи бузурги абрешим» чорабиниҳо гузаронда шуданд. Ӯзбекистон то ҳол ба 10 конвенсияи байналмилалии ЮНЕСКО ҳамроҳ шудааст. Дар соли 2023 бо ҳамкории ЮНЕСКО дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба воситаи тарғиботи одобу ахлоқ роҷеъ ба дастгирии мулоқоти илмӣ мукофоти ба номи Абурайҳон Берунии ЮНЕСКО — Ӯзбекистонро таъсис намуданд.

Дар доираи сессияи 43‑юми ЮНЕСКО дар Самарқанд бори аввал маросими супурдани мукофоти мазкур гузаронда мешавад.

Моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Париж дар Сарконференсияи 42‑юми ЮНЕСКО қарори таърихӣ оиди дар соли 2025 дар шаҳри Самарқанд гузарондани сессияи навбатии 43‑юми он қабул карда шуд. Қарори мазкурро ҳамаи 194 давлати узви ин ташкилот дастгирӣ карданд.

Интихоб шудани Самарқанд ба сифати ҷое, ки чорабинии миқёси ҷаҳонии мазкур гузаронда мешавад, эътирофи бараълои дастовардҳои мамлакатамон дар соҳаҳои маданият, илму фан, таълим, коммуникатсия ва ахбор, инчунин таърихи бой ва мероси маданӣ низ аст.

Рӯзи 16‑уми марти соли 2024 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои дидани тайёрӣ барои дар соли 2025 дар шаҳри Самарқанд гузарондани сессияи 43‑юми Сарконференсияи ЮНЕСКО» қабул гардид.

Дар сессияи 43‑юм ва чорабиниҳои доираи он аз 194 давлат омадани беш аз 5 ҳазор нафар иштирокчӣ пешбинӣ мешавад.

Дар доираи сарконференсия дар хамкорӣ бо ЮНЕСКО якчанд чорабиниҳои муштарак ташкил намудани Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Чорабиниҳои мазкур ба мавзӯъҳои муҳим чун мавқеи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти музейҳо, баробарии гендерӣ, васеъ кардани имкониятҳои зану духтарон ва амсоли онҳо бахшида мешаванд.