Ҳар рӯз қариб 20–25 ҳазор мусофире, ки аз ноҳияҳои Пайариқ, Оқдарё ва Қӯшработ меоянд, ба чорраҳаи кӯчаҳои Даҳбед-Рӯдакии шаҳр расида, дар нақлиёти ҷамоатии самтҳои мунтазам ҳаракатро идома медиҳанд. Вале мусофирон аз зиёд будани воситаҳои нақлиётӣ дар чорраҳаи мазкур, соатҳо дар тамбашавии роҳ мемонанд.
Акнун мусофироне, ки ба шаҳри Самарқанд меоянд, дар истгоҳи автомобилии нави назди роҳи гардишии Мотрид, ки воқеъ дар маҳаллаи Ӯзбеккентии ноҳияи Самарқанд аст, фуруд хоҳанд омад. Дар истгоҳи мазкур, ки ҶММ «Ургут автосервис» дар 2,5 гектар майдон бунёд кардааст, дар худи як вақт зиёда аз 40 нақлиёти ҷамоатӣ метавонад истад.
Ғайр аз ин, автобусҳои самтдори рақамҳои 20, 27, 8, 219 мусофирони худро гирифта, ба сӯи шаҳр ҳаракат менамоянд. Бо мақсади таъмини саривақт бурдани мусофирон аз ҷониби садорати нақлиёти вилоят хатсайри нави «Кӯчаи Даҳбед — автостансияи Мотрид» ташкил гардид.
— Акнун ба шаҳр даромадани нақлиётҳои ҷамоатӣ, ки аз ноҳияҳо меоянд, шарт нест, — гуфт ронандаи автобуси хатсайри нав Рӯзибой Юсупов. — Мусофиронро пайваста аз манзилҳояшон то ба автовокзал ва аз автовокзал то манзилҳояшон мекашонем. Ҳоло одам кам аст, чунки бисёриҳо ба ин автовокзал одат накардаанд. Вале дар рӯзҳои наздик ҳама дар самти бехатар ва мусоид ҳаракат хоҳанд кард.
Ҷиҳати дигари мусоидии он, нақлиётҳои ҷамоатии ҳамаи хатсайрҳое, ки аз роҳи гардишии Мотрид мегузаранд, ба истгоҳи автомобилӣ даромада, мусофир гирифта мераванд.
— Шабона барои ба хона баргаштан соатҳо дар кӯчаи Даҳбед нақлиётро мунтазир мешудам, — гуфт донишомӯзи мактаби тахассусии санъати Самарқанд Аҳадҷон Мардонов. — Акнун автобусҳо мустақиман ба ҳамин ҷо меоянд. Дар ин ҷо ҳам нақлиёти ҷамоатӣ ва таксиҳое, ки ба ноҳияҳо равуо мекунанд, мунтазиранд.
Дар истгоҳи автомобилии нав барои ронандагон ва мусофирон шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. Рӯзҳои наздик ҳоҷатхона, ошхона ва дигар мағозаҳои хӯрокворӣ ҳам ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Дилмурод ТӮХТАЕВ
