Ovozi.uz

Самарқанд: мероси 3000‑сола

Дар доираи сессияи 43‑юми Сарконференсияи ЮНЕСКО, бо мақсади арзёбии илмии таърихи сеҳазорсолаи шаҳри Самарқанд ва инъикоси васеи ҷойгоҳи он дар тамаддуни башарӣ таҳти унвони «Самарқанд: мероси 3000‑сола» анҷумани байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ин анҷумани байналмилалӣ, ки дар он намояндагони муассисаҳои илмии Ӯзбекистон ва хориҷӣ иштирок доштанд, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, ҷонишини директори Департаменти иқтисоди креативӣ ва сайёҳии Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элмурод Наҷимов ва директори Маркази мероси умумҷаҳонии ЮНЕСКО Лазаре Элундау Ассомо суханронӣ карда, ба кори конфронс муваффақиятҳо таманно намуданд.

Дар анҷуман мероси ғании таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангии Самарқанд ҳамаҷониба таҳлил ва натиҷаҳои тадқиқоти бостоншиносию таърихӣ муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Самарқанд чорроҳаи тамаддунҳои Шарқу Ғарб буда, дар он илм, ҳунармандӣ, тиҷорат ва меъморӣ рушд ёфта, то кунун маркази маънавият ва фарҳанг мебошад. Мутахассисон мувофиқи тадқиқоти бостоншиносии дар ин ҷо гузаронидаашон таъкид намуданд, ки аввалин манзилгоҳҳои шаҳр ба дуввумин ҳазорсолаи пеш аз милод рост меояд.

Дар рафти кофтуковҳои бостоншиносӣ марбут ба маданияти қадимаи шаҳр дар Кӯктеппа, Афросиёб ва дигар ёдгориҳои Самарқанд роҷеъ ба ёфта шудани сохторҳои гуногуни меъморӣ, биноҳои хоҷагӣ ва динӣ, намунаҳои фарҳанги моддӣ гузоришҳо пешниҳод карда шуданд.

Зимни муҳокимаҳо натиҷаҳои тадқиқоте, ки дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар ёдгориҳои археологӣ ба монанди Афросиёб ва Кӯктеппа анҷом дода шудаанд, баррасӣ гардида, хулоса бароварданд, ки Самарқанд таърихи беш аз се ҳазор сол дорад.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ