Ovozi.uz

Ташхиси дуруст — нисфи табобат

Солҳои охир шумораи беморони саратон, хусусан саратони ғадудҳои сина торафт меафзояд. Аксарияти одамон ин бемориро дарди бедаво дониста, аз шунидани он ғамгин мешаванд, ки ба остонаи марг расидаанд. Аммо шифокорони саратоншинос бар он ақидаанд, ки дар сурати сари вақт табобат кардани бемор, пеши роҳи хуруҷ ва паҳншавии саратонро гирифтан мумкин аст.

Дар ин бора мо бо мудири шуъбаи Онкомамологияи филиали Маркази ихтисосонидашудаи илмиву амалии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ дар Самарқанд, номзади фанҳои тиб, онкомамологи тоифаи олӣ Соҳиб Узоқов суҳбат кардем.

— Назар ба солҳои пешина шумораи беморони саратон камтар шудааст ё баръакс?

— Мувофиқи маълумоти статис­тикии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, суръати афзоиши бемории саратон дар як сол 1,5–2 фоизро ташкил медиҳад, аммо баробари афзоиш, роҳҳои нав ба нави мубориза бо саратон пайдо шуда, хавфи марг ва дигар оқибатҳои ногувори беморӣ камтар шудаанд. Саратони ғадудҳои сина нисбат ба дигар намудҳои саратон на танҳо дар вилоятамон ва миқёси ҷумҳурӣ, балки дар сар то сари ҷаҳон тенденсияи болоравӣ дорад. Замоне аз саратон танҳо бемороне, ки имкони ба хориҷа рафта табобат кардан доштанд, наҷот меёфтанд, вале хушбахтона ҳоло ҳар як шаҳрванди оддӣ метавонад дар вилояти худамон табобат гирифта, аз бемории саратон шифо ёбад.

— Сабаби торафт доман паҳн кардани ин бемориро дар чӣ мебинед?

— Ба ин савол то ҳол ягон саратоншинос ҷавоби дақиқ наёфтааст. Ҳоло баъзе омилҳоро ном бурдан мумкин, ки метавонанд боиси пайдо шудани ҳуҷайраҳои саратонӣ гарданд. Аз ҷумла, истеъмоли нодурусти ғизо, фарбеҳии аз ҳад зиёд, нӯшокиҳои спиртӣ, худмуолиҷакунӣ ва ҳатто асабонияти аз ҳад зиёд, стресс касро ба саратон мубтало гардонда метавонад.

— Аксари бонувон, ки хоса ба саратони сина гирифтор шудаанд, дарҳол умедашонро аз зиндагӣ мекананд. Тарсу ваҳми ин бонувон асос дорад?

— Чанд сол аст, ки ман дар ин марказ кор мекунам. Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари мардум дар бораи саратон тамоман маълумот надоранд, хабардор бошанд ҳам, тасаввуроташон комилан ғалат аст. Гирифтор шудан ба саратон ҳанӯз маънои онро надорад, ки зиндагии шахс ба поён мерасад. Беморе, ки мубталои саратон гаштааст, агар сари вақт аз паси табобат шавад, пеши роҳи хуруҷи бемориро гирифтан мумкин аст. Мутаассифона, аксаран беморон дер ба духтур муроҷиат мекунанд. Бинобар ин, дар рафти табобат душвориҳо ба миён меояд.

— Сабаби сари вақт ба табибон муроҷиат накардани беморон дар чист?

— Агар яке аз сабабҳои сари вақт аз пайи табобат нашудани беморони саратон дар оғоз бедард ҷараён гирифтани беморӣ бошад, сабаби дигар бепарвоӣ аст. Беморӣ дар оғоз бедард сар шавад ҳам, нишонаҳои онро мушоҳида кардан мумкин, аммо баъзе занҳо танҳо пас аз он ки аз сина зардоб ва ё ягон моеъ ҷорӣ шавад, ба духтур муроҷиат мекунанд.

— Ташхиси дуруст нисфи табобат аст мегӯянд…

— Дуруст аст. Самаранокии табобат пеш аз ҳама ба дақиқии ташхис вобаста аст. Барои гузаронидани тамоми намудҳои ташхис мо дастгоҳҳои нави замонавӣ дорем, аз ҷумла ултрасадо, момография, термография, МРТ, рентгенография, имрӯз ҳатто ҳуҷайрашиносӣ ва бофташиносӣ, ки танҳо дар клиникаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд, дар мамлакатамон роҳандозӣ шудааст. Бо дилпурӣ мегӯем, ки агар беморон саривақт муроҷиат намоянд, мо бо истифода аз усулҳои муосири тиббӣ ба эшон ёрӣ мерасонем, то бар саратон ғолиб оянд.

— Дар марҳилаи 3–4 саратонро табобат кардан имкон дорад ё давутози бемор дигар фоида надорад?

— Баъзе беморон баробари фаҳмидани дараҷаи бемориашон хулоса мебароранд, ки дарди ман кӯҳна шудаасту дигар табобат фоида надорад, аммо ин фикр нодуруст аст. Дараҷаи 3 ва 4‑и саратон низ табобат мешавад, агар бемор рӯафтода нашуда, тамоми фармудаҳои табибонро риоя намояд ва табобатро то охир расонад. Беморони марҳилаи 3 ва 4 асосан тавассути маводи баландсифат ва кимиётерапия табобат карда мешаванд. Кимиёдармонӣ решаи бемориро месӯзонад ва баъди гузаштани муддати муайян бемор худро мисли пештара солиму бардам ҳис мекунад.

— Рост аст, ки дар сурати реша давондани саратон беморон аз шаш моҳ то як сол умр мебинанд?

— Аслан, риштаи маргу зиндагии инсон дар дасти Худованд аст. Ман ҳамчун шифокор садҳо одамонеро мисол оварда метавонам, ки ба намудҳои шадиди саратон гирифтор буданд, вале бо шарофати кимиёдармонию табобати дуруст ва то ҳол зиндаву саломат гаштаанд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА