Ovozi.uz

Мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тибб супурда шуданд

Дар ҳокимияти вилоят мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ кормандони соҳаи тиб ба муносибати Рӯзи кормандони соҳа» маросими мукофотонидани намояндагони соҳаи тиб баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар ин чорабинӣ иштирок карда, кормандони соҳаро табрик гуфт.

— Заҳмати сахт ва кӯшишҳои амалии шумо барои ҳифзи саломатии мардуми мо дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад, — гуфт роҳбари вилоят. — Хизматҳои фидокоронаи шумо аз ҷониби Президенти мо сазоворона қадр карда мешавад.

Сипас, ронандаи пункти Челаки шуъбаи ноҳияи Пайариқи Маркази ёрии таъҷилии ҷумҳуриявӣ Исоқул Ғаффоров бо ордени дараҷаи 2-юми «Барои насли солим», сарвари шуъбаи тандурустии ноҳияи Иштихон Суннатилла Сафаров бо ордени дараҷаи 2-юми «Тандурустӣ», сарҳамшираи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Булунғур Феруза Яхшиликова бо медали «Ҳаёти солим» ва дояи парастории поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳияи Қӯшработ Севара Темирова бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардонида шуданд.

Дар чорабинӣ ба кормандони соҳаи тиб эҳтиром гузошта ва дар корҳои ояндаи онҳо муваффақият орзу карда шуд.

Ин ҷоизаҳо нишон медиҳанд, ки меҳнати одамоне, ки дар соҳаи тиб фидокорона хизмат мекунанд, дар кишвари мо хеле қадр карда мешавад.