Ovozi.uz

Манманӣ ва худнамоии занҳо боиси «ихтироъ»-и маросимҳои тӯй

Ҳар як инсон бо орзуву ҳавас зиндагӣ мекунад. Вақте писару духтар ба воя мерасанд, падару модар кӯшиш мекунанд, онҳоро тӯй кунанд ва хурсандиашонро бо мардум боҳам бинанд.

Вале дабдабаву исрофкориҳое, ки дар гузаронидани тӯй ва маросимҳо ба чашм мерасанд, моро водор мекунанд, ки андеша ронем. Шояд зайли замона аст, ё худ фикру ҷаҳонбинии одамон дигаргун шудааст, ки рӯз то рӯз урфу одатҳои нави тӯй ба мӯд медароянд. Мутаассифона, ҳарчанд дар вохӯриву ҷамъомадҳои маҳаллаву ташкилотҳо оиди ихчамгардонии тӯю маросимҳо ва даст кашидан аз дабдабаҳои барзиёд сухан меравад, аммо то ҳол беҳбудии назаррас наменамояд. Мо дар ин мавзӯъ фикри чанд нафарро пурсидем:

Ноила АСАДОВА, 72-сола, собиқадори меҳнат, шаҳри Самарқанд

— Мардуми хирадманди мо мақоли аҷибе доранд, ки «шавҳар подшоҳ, зан вазир аст». Аз ин рӯ, ихчам ва мувофиқи арзишҳои миллӣ гузаштани ҳар як тӯю маросимҳои оилавӣ ба доногиву маънавияти ҳамон шоҳу вазир вобаста мебошад. Агар онҳо худро аз дигарҳо баланд шуморанд ва тӯйро мувофиқи хости худ гузаронанд, ин ба исрофкорӣ оварда мерасонад. Исрофкорӣ аз ношук­рӣ ба амал меояд. Ин оқибат боиси аз даст додани баракоти оила мегардад. Дар асл, хушбахтии шахсро тӯйи якрӯза муайян намекунад. Хушбахтӣ дар ҳамоҳангӣ ва якдигарфаҳмии зану шавҳар аст.

Ёрқиной МАНСУРОВА, 55-сола, ноҳияи Нуробод

— Тӯй ба кас мамнунӣ мебахшад. Вақте тӯй сар кардани ҳамсоя ва ё ягон хешовандонамонро мефаҳмем, хурсанд мешавем. Кӯшиш мекунем, ки дастгириаш намоем. Тӯю маросимҳои мо ихчам ва ба фоидаи тӯйдор гузаронида мешавад. Мо ба исрофкорӣ роҳ намедиҳем. Масалан, агар ман тӯй сар кунам, наздиконам аз ҷиҳати иқтисодӣ ёрӣ мерасонанд. Ман ҳам дар навбати худ ба тӯю маъракаҳои онҳо кӯмак кардаам ва минбаъд ҳам мекунам. Ғайр аз ин, рӯзи тӯй ҳар як меҳмон, вай хоҳ зан бошад ва ё мард, бо тӯёна меояд. Таги дари тӯйхона як нафарӣ зану мард дар даст қаламу қоғоз ҳар як меҳмони тӯёна овардаро сабти ном мекунанд. Чунки тӯйдор ҳар яки онро бояд баргардонад. Аз ин рӯ, тӯйдор қарздор не, балки пулдор мешавад. Баъзеҳо баъди тӯй автомобил, чорво ва ё ҷиҳози рӯзгор мехаранд… Ман тӯю маросимгузаронии самарқандиёнро фаҳмида, гиребон доштам. Инқадар исрофкорӣ ба кӣ лозим? Музди меҳнати чандсолаи худро гӯё бо панҷшоха бод медиҳанд. Ҳатто баъзеҳо барои гирифтани обрӯ қарз ҳам мебардоранд. Ин гуна обрӯи миёншикан ба кӣ ва барои чӣ лозим бошад? Дар як тӯйи шиносам иштирок карда, ҳайрон шудам. Фақат бо нозу неъмати рӯи дастархони онҳо мо се маротиба тӯй мегузаронем. Ҳамин вақт фаҳмидам, ки чаро масъалаи ихчамгардонии тӯю маъракаҳо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бароварда шудааст.

Акрам Эргашов, нафақахӯр, ноҳияи Самарқанд

— Ба қарибӣ ба набераам келин овардем. Бо тарафи қудо бомаслиҳат қарор кардем, ки ғайр аз арӯсу домод ба ҳеҷ кас сарпо намекунем. Вақте ки фотеҳатӯй наздик шуд, келинам ба қудошаванда ангуштарини тилло гирифтааст. Ҳатман манъ кардам. Рӯзи фотеҳа модари келиншаванда ба модаркалону модар ва хоҳарони домод дастпонаву ангуштарин, занҷиру гӯшвораҳои тилло ҳадя кард. Инро фаҳмида ғазабам омад. Ба завҷааму келинам шарт гузоштам, ки агар ҳадя­ҳоро баргардонда надиҳед, тӯй намешавад. Ба набераам арӯси дигар интихоб мекунам. Дар хонадонамон ғалоғула сар шуд. Баъди ду рӯзи суханталошӣ ҳадяҳо ба соҳибаш гардонида шуданд. Дабдабаву исрофкорӣ ва қоидаҳои нав ба нави тӯйгузаронӣ бештар ихтирои занон ва ҷавонон аст. Ҳоло ин гуна ҳолат дар ҳамаи хонадони тӯйдорон ба мушоҳида мерасад. Агар сарварони оила қарори қатъӣ намоянд, ба ин гуна урфҳои нави ба маданияти мо зид роҳ дода намешавад. Ман гуфтани нестам, ки ҳамаи бонувон «манманӣ»-ро дӯст медоранд. Лекин дар байнашон бисёранд. Инро пешгирӣ кардан вазифаи ҳар як «сарвари оила» аст.

Шоиста АСАДОВА,  муаллимаи собиқадор, ноҳияи Тайлоқ

— Дарҳақиқат, имрӯзҳо гузаронидани тӯю маъракаҳо ба муаммои ташвишовар табдил ёфтааст. Алалхусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ воқеае паҳн шуд, ки дар маросими ошхӯракону фотеҳатӯй занҳо рӯи лаълии пур аз тилловориро назди меҳмонон оварда, ба ҳар яки онҳо тилло тӯҳфа мекунанд. Ғайр аз ин, боз яктогӣ печи хӯрокгармкунак (микровалновка) доданд. Аз дидани он табъам хира шуд. Рӯз то рӯз пулёбӣ мушкил мешавад. Агар маҳаллаҳоро мушоҳида кунед, аз ҳар як хонадон ҳадди ақал як нафар дар мамлакати хориҷа кор мекунанд. Охир, дар мамлакатҳои хориҷа пулро аз дарахт намечинанд. То гирифтани маош арақи ҷабин мерезанд, чӣ қадар асабонӣ мешаванд. Бинобар ин, гуфтаниам, ки мусобиқаи «ман аз ту зӯр»-ро бас намоему аз паи ободии рӯзорамон, ватанамон бошем. Агар вақту маблағамон барзиёд бошад, барои обрӯталошӣ не, балки ба дастгирии мӯҳтоҷон, бекасон, маъюбон сарф кунем, мувофиқи мақсад мешуд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА