Ҳайати вакилон бо сарварии Президенти Бонки рушди Осиё Масато Канда ба Самарқанд омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев истиқбол гирифт.
Рӯзҳои 3-6-уми майи соли 2026 Самарқанд ба ҷамъомади 59-солаи Бонки рушди Осиё (БРО) мезбонӣ мекунад. Интизор меравад, ки дар он раҳбарони ниҳодҳои бонкӣ ва молиявии 69 кишвари узв, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори оммавӣ иштирок намуда, мушкилоти рушди кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро баррасӣ мекунанд.
Зимни суҳбат бо Масато Канда дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Адиз Бобоев аз гузаронида шудани ҷамъомади солонаи БРО дар Самарқанд изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани ин чорабинии бонуфуз тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
— Соли 2026 ҷамъомади солонаи мо дар Самарқанди бостонӣ ҳамчун як платформаи муҳим барои таҳкими муколама ва ҳамкорӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои баррасии бисёр паҳлӯҳои нодири минтақа хидмат хоҳад кард, – гуфт Президенти БРО.
Дар ҷараёни ташрифи худ ба Самарқанд намояндагони Бонки рушди Осиё таҳти роҳбарии Масато Канда бо иншоот ва шароите, ки дар он ҷаласаи 59-уми солона баргузор мешавад, шинос мешаванд. Ҳамчунин тамошои ҷойҳои сазовори диққат ва ёдгориҳои меъмории Самарқанд низ дар назар аст.
