Ovozi.uz

Хардал

Хардал (ба лотинӣ – Sinapis) растании яксолаи алафӣ мебошад, ки онро ҳар шахси заминдор метавонад парвариш намояд. Ба забони русӣ онро горчица меноманд.

Агар хардалро бихӯранд, бемориҳои сарди вобаста ба ҳолати майна ва бодии монанди: лисарғус (летаргия), фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), суст ва нотавон гаштани узвҳо ва дарди сари аз хунукӣ ба ҳам расидаро шифо мебахшад, сӯрохи бандшудаи сари биниро мекушояд, назлаҳои сардро манъ мекунад, ҳамаи даҳ ҳисси баданро равшан ва бурро мегардонад, зеҳнро тез мекунад, иштиҳоро қувват медиҳад, дарди ҷигар ва сипурзро сокин мекунад.

Мӯйи сарро тарошида, баъд хардалро хамир карда гузошта ба сар банданд, лисарғусро шифо мебахшад, назлаи хунукро манъ мекунад; агар онро бо асал хамир карда, ба пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро таскин медиҳад ва назлаҳои пайдарпайро манъ месозад, дарди ҷигар ва сипурзро низ сокин мегардонад. Агар кӯфтаи хардалро дар бинӣ бирезанд ё бо найча ба дарунаш пуф кунанд, каси саръгирифта ва беҳушро ҳушёр мекунад; бачадони хафашударо, ки гоҳ-гоҳ бемораш беҳуш мегардад, шифо мебахшад. Хардалро дар об ҷӯшонида, худро ба бухораш бидоранд ва аз шамол хӯрдан эҳтиёт шаванд, гиреҳҳои рагҳоро дар даруни гӯш мекушояд.

Кӯфтаи хардалро бо об ва асал даромехта, ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ мекунад ва дағалии пилкҳои чашмро нарм ва ислоҳ мегардонад. Хардалро дар об ҷӯшонида, ба он об асал даромехта, дар чашм чаконанд, шабкӯриро ба ислоҳ меоварад; дар гӯш ва ба дандон бичаконанд, дарди луққосӣ ва дарди дигари ҳар дуи ин узвро таскин медиҳад.

Чун тухми тари онро кӯфта, оби онро фишурда, хушк намоянд ва баъд маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, ҳамаи бемориҳои чашмро шифо мебахшад ва пайдо шудани ҳар гуна намудаҳоро дар он дафъ мекунад. Тухми онро бо анҷир якҷо кӯфта, чун шамъча сохта, дар гӯш гузоранд, дард ва ҷаранги онро дафъ месозад.

Хардалро чун орд ос карда, бо шаҳдоб (асалоб) даромехта, бо он ғарғара кунанд ва ё онро дар даҳан бигардонанд, варами таги забон, гаронӣ ва сусту нотавон гаштани онро шифо мебахшад; дарди дандонро таскин медиҳад, дағалии роҳи нафасро, ки куҳна шуда бошад, ислоҳ мекунад. Агар хардалро батанҳоӣ бихоянд, балғамро бо воситаи даҳан ихроҷ мекунад.

Агар инро кӯфта бимоланд, дарди луққосии дандон ва дардҳои дигари онро, ки бидуни варам бошанд, ҳамон дам таскин медиҳад. Кӯфтаи хардалро бо асал ё бо чарбу ё бо муми занбӯри асал дар оташ гудохта, бо равғани зайтун даромехта, ба чеҳра бимоланд, ранги рӯйро соф мегардонад ва агар инро ба чашм бимоланд, хуни хобрафтаи онро дафъ месозад.

Агар хардалро бо асал даромехта бихӯранд, дамкӯтаҳӣ ва сурфаи тарро шифо мебахшад, боҳро қавӣ мегардонад; агар бо пудина ва шароб даромехта бихӯранд, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад. Инро нимкӯфта бо об бихӯранд, таби балғамӣ ва савдовиро сиҳат мебахшад ва ҷаранги гӯшро, ки сабабаш моддаи ғафси часпак бошад, ба ислоҳ меоварад.

Агар инро бо анҷир якҷо кӯфта гузошта банданд, иллати ниқрисро (подагра), ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад ва ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; моддаҳои дохилиро ба рӯйи пӯст мекашад, дарди аз боди сард ба амаломадаро таскин медиҳад; варамҳои балғамии куҳнаро дар ҳар узве, ки бошад, мегардонад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, шукуфаи пӯстро, ки куҳна шуда бошад, шифо мебахшад; агар бо сиканҷабин ва гӯгирд ё бо сиканҷабину карами тоҷикӣ сиришта гузошта банданд, ханозерро бо як аҷобате таҳлил медиҳад.

Агар хардалро бо барги гулихайрӣ якҷо кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт ва савдовиро мегардонад; бо решаи хушки ҷадвор якҷо карда, гузошта банданд, песро нест мекунад.