Дар Тошканд марҳилаи ниҳоии бозиҳои варзишии «Қуллаҳои олимпии Ӯзбекистони Нав» байни варзишгарони синни 15-17 — мусобиқаҳои «Олимпиадаи Президент» оғоз ёфтанд.
222 варзишгар шарафи вилояти моро дар даҳ намуди варзиш ҳимоя мекунанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо мусобиқаҳои гимнастикаи бадеӣ, варзиши сабук, бокс ва гуштии озод баргузор мешаванд.
Мусобиқаҳои «Олимпиадаи Президент» дар иншооти варзишии «Шаҳри олимпӣ»-и Тошканд, Мактаби варзишии захираҳои олимпии ҷумҳуриявии ихтисосонидашудаи гимнастика ва Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Чирчики вилояти Тошканд воқеъ аст, баргузор мешаванд.
Ғолибони мусобиқаҳо бо ҷоизаҳои арзишманд сарфароз карда мешаванд. Ҳамчунин, варзишгароне, ки ҷойҳои аввал ва дуюмро ишғол кардаанд, ба Маркази олимпии ҷумҳуриявӣ ва паралимпӣ қабул карда мешаванд.
Муқаррар карда шудааст, ки стипендияҳо ба донишҷӯёни марҳилаҳои 1 ва 2 бо тартиби мувофиқ пардохт карда мешаванд.
