Ovozi.uz

Сон Хин Мин барои хайрухуш бо мухлисони “Тоттенҳэм” ба Лондон меояд

Ҳамлагари дастаи “Лос-Анҷелес” Сон Хин Мин бори аввал пас аз тарк кардани “Тоттенҳэм” ба варзишгоҳи “Tottenham Hotspur Stadium” ба Лондон бармегардад, то дар бозии Лигаи Чемпионҳо муқобили “Славия”-и Прага бо ҳаводорони клуб хайрухуш кунад. Дар ин бора дафтари матбуотии дастаи шаҳри Лондон хабар додааст. Бозии дастаҳо рӯзи 9-уми декабр баргузор мешавад.

“Вақте ки ман қарори душвори худро дар бораи тарк кардани «Тоттенҳэм» дар тобистон эълон кардам, ин дар Кореяи Ҷанубӣ буд ва ман имкони хайрухуш бо мухлисон дар варзишгоҳи хонагии худро надоштам. Акнун бисёр шодам, зеро 9-уми декабр ба Лондон бармегардам ва дар бозии Лигаи Чемпионҳо метавонам шахсан ба ҳаводорони “Тоттенҳэм” бигӯям, ки дастгирӣ ва муҳаббати онҳо дар давоми 10 сол барои ман ва оилаам чӣ қадар муҳим буд. Ин эҳсосотӣ хоҳад буд, аммо барои ман ва даста муҳим аст, ки ин рӯй диҳад»— фишурдаи суханони Сон Хин Минро сомонаи расмии “Тоттенҳэм” иқтибос овардааст.