Ovozi.uz

Ояндаи Хаби Алонсо дар “Реал Мадрид” маълум шуд

Нашрияи маъруфи испании AS хабар додааст, ки сармураббии “Реал Мадрид” — Хаби Алонсо ба зудӣ аз даста барканор нахоҳад шуд.

“Реал Мадрид” дар даври 6-уми марҳилаи умумии гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дар майдони худ бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуби “Манчестер Сити” шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки мутахассиси ҷавони испанӣ Хаби Алонсо тобистони ҳамин сол ба “Реал Мадрид” омада буд. Пеш аз ин Алонсо дар “Байер”-и Леверкузен фаъолият карда, бо даста ғолиби Бундеслигаи Германия, Ҷоми Германия ва Суперҷоми Германия гардида буд.

Ҳоло, “Реал Мадрид” пас аз 16 даври Ла Лига дар ҷадвали мусобиқа ҷойи дуюмро ишғол мекунад ва аз “Барселона”, ки дар садр қарор дорад, чор хол қафо мондааст. Дар Лигаи Чемпионҳо пас аз 6 бозӣ “Реал Мадрид” бо 12 имтиёз дар зинаи 7-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ мавқеъ гирифтааст.

Имшаб шогирдоги Хаби Алонсо бар зидди дастаи «Алавес» ба майдон меоянд ва бо эҳтимоли зиёд натиҷаи ин бозӣ ояндаи мураббиро равшантар месозад.