Ovozi.uz

SIUT дар ҷоизаи “Science and Innovation Awards 2025” ҳамчун муассисаи таълими олии инноватсионӣ эътироф шуд

Поёни соли 2025 бо як дастоварди муҳим ва рамзии дигари Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд дар таърих сабт гардид. Дар доираи яке аз бонуфузтарин озмунҳои ҳаёти илмии кишварамон — “Science and Innovation Awards 2025”, SIUT барои корҳои пайвастааш дар соҳаи таълими олӣ ва фаъолияти илмӣ, равишҳои инноватсионӣ ва рушди стратегии бар пояи илм эътирофи баланд гирифт ва бо ҷоизаи олӣ дар номинатсияи «Донишгоҳи инноватсионитарини сол» сарфароз гардид.

Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ, ки 20-уми декабри соли ҷорӣ дар Қасри санъати «Туркистон»-и Тошканд баргузор шуд, барои ҷомеаи илмии кишвар ба як рӯйдоди муҳим табдил ёфт.

Ин чорабинии бонуфуз, ки ба таври анъанавӣ бо ташаббуси маҷаллаи байналмилалии илмии “Science and Innovation” ташкил карда мешавад, барои эътирофи олимони пешсаф, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълими олӣ, ки тӯли сол дар рушди илму фан, маориф ва инноватсия саҳми арзанда гузоштаанд, равона шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки SIUT ду сол боз дар ин озмун иштирок мекунад. Имсол ин иштирок бо натиҷаи муҳим анҷом ёфт. Барои SIUT, ин эътироф натиҷаи рушди пайваста, стратегияи хуб андешидашуда ва кори муназзами тамоми дастаи донишгоҳ мебошад.

— Ин дастовардҳо натиҷаи кори пайвастаи дастаи Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд ва стратегияи хуб интихобшудаи рушд мебошанд, — гуфт ректори SIUT, профессор Юсуф Абдуллоев. — Барои мо ин эътироф масъулият ва эътимоди бузург аст. Рушди мутаносиби таълим, илм ва инноватсияҳо дар SIUT ҳамчун вазифаи устувор боқӣ мемонад. Ин ҷоиза моро ба қадамҳои ҷасурона ба сӯи қуллаҳои боз ҳам баландтар рӯ овардан даъват менамояд.

Дар маросими супоридани ҷоизаҳои “Science and Innovation Awards 2025” масъулони вазорату идораҳо, ректорони муассисаҳои таълими олӣ, академикҳо, профессор-олимон, роҳбарони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва намояндагони ВАО иштирок карданд.  Хулоса, соли 2025 барои SIUT бо як ҷоизаи бонуфузи дигар ба анҷом мерасад.