Бо мақсади муайян намудани тартиби ҷорӣ кардани низоми «Дорухати электронӣ» фармони дахлдори Вазири тандурустӣ қабул шуд.
Мувофиқи он:
— Дар шаҳри Тошканд ва 15 ноҳия (шаҳр) таҷрибаву санҷиши сохтори «Дорухати электронӣ» зина ба зина роҳандозӣ ва аз ҷониби шифокорон оиди доруҳои байналмилалии ғайрипатентӣ дорухати электронӣ расмӣ кунонида шуда, ба сохтори электронӣ сабт мегардад;
— Ҳангоми мавҷуд будани имкониятҳои зарурии техникӣ, муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтӣ ба низоми иттилоотии DMED ройгон пайваст шуда, низомҳои иттилоотии онҳо ба платформаи рақамии Вазорати тандурустӣ интегратсия мешаванд;
— Рӯйхати доруҳое, ки бар асоси сохтори «Дорухати электронӣ» дода мешаванд, зина ба зина ташаккул меёбанд ва дар ҳар як марҳила бо дарназардошти хавфҳои иҷтимоӣ ва эҳтиёҷоти соҳа аз ҷониби шӯрои коршиносон таҳия ва тасдиқ мегарданд;
— Барои антибиотикҳои таъсири системавӣ, доруҳои синтетикии антибактериалӣ ва доруҳои гормоналӣ бо назардошти дорухати электронии ҳатмӣ марҳилаи аввал муайян мешавад;
— Ваколатҳои шифокор оид ба навиштани дорухати электронӣ, аз ҷумла таъин намудани доруҳое, ки дар муассисаи тиббии муайян мавҷуд нестанд ва инчунин асосҳои ҳуқуқии ворид кардани ин маълумот аз ҷониби фармасевтони дорухонаҳо ба низом мустаҳкам карда мешавад;
— Тартиби додани доруҳои ретсептдор дар дорухонаҳо бар асоси дорухати электронӣ (аз ҷумла тавассути Рақами шахсии идентификатсионии шахси ҷисмонии бемор) муайян мегардад. Ҳамзамон, то пурра ҷорӣ шудани низом ва дар ҳолатҳои фавқулода, ба таври истисноӣ имконияти истифодаи дорухатҳои коғазӣ нигоҳ дошта мешавад;
— Дар сурати надоштани дорухати электронӣ аз ҷониби бемор ё намояндаи ӯ, механизме муқаррар мегардад, ки фармасевти дорухона бо ворид намудани Рақами шахсии идентификатсионии шахси ҷисмонӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (коғазӣ ё электронӣ) метавонад тавассути низом бо дорухати электронӣ шинос шуда, доруро мувофиқи ретсепт диҳад;
— Ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани кумаки тиббӣ ва доруҳо (аз ҷумла, дар ҳолатҳои таъҷилӣ) таъмин карда шуда, инчунин аҳолӣ тавассути манбаъҳои расмӣ дар бораи марҳилаҳои роҳандозӣ намудани низом ва рӯйхати доруҳо мунтазам огоҳ карда мешавад;
— Корҳои фаҳмондадиҳии доимӣ ва сохтори алоқа, аз ҷумла фаъолияти шабонарӯзии маркази алоқаи 1003 («Call-марказ») ба роҳ монда мешавад, ки тавассути он:
— беморони бистарӣ ва гирифтори бемориҳои музмин метавонанд ба шифокори оилавии худ муроҷиат намоянд;
— бо муроҷиати фосилавӣ ба шифокори оилавӣ (дар ҳолатҳои дахлдор ба мутахассисони соҳаҳои маҳдуд) дорухати электронӣ гиранд;
— ҳангоми мавҷуд будани нишондиҳандаҳо, хизматрасонии патронажӣ ташкил гардида, хизматҳои зарурии тиббӣ дар хона пешниҳод карда мешаванд;
Бо қарори шифокори муолиҷакунанда барои беморони гирифтори бемориҳои музмин:
— дар даври муолиҷаи то 60 рӯз — барои доруҳое, ки мувофиқи Таснифи байналмилалии бемориҳо рамзгузорӣ шудаасту ба табобати бемориҳои музмин таъин мегарданд, инчунин доруҳое, ки бо фаъолияти анаболикӣ фарқ мекунанд;
— дар давраи муолиҷаи то 90 рӯз — барои дигар доруҳои тайёр (дар доираи реимбурсатсия — то 30 рӯз), тартиби махсуси навиштани ретсептҳо муқаррар шуд.
Дар ин ҳолатҳо муҳлати амали дорухати электронӣ ва QR-коди дахлдор мувофиқи даври муайяншудаи курси муолиҷа дароз мешавад.
Сохтори «Дорухати электронӣ», пеш аз ҳама ба баланд бардоштани бехатарии муолиҷа, зиёд кардани масъулият ҳангоми таъини доруҳо ва ба тартиб овардани гардиши онҳо равона шудааст. Ин низом дар асоси мониторинги доимӣ, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон ва кормандони тиб, зина ба зина роҳандозӣ карда мешавад.
