Имрӯз дар Хонаи дӯстии вилоят аз ҷониби Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд ҳисоботи корҳои амалигардида дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли оянда ба фаъолон ва ходимони васоити ахбори оммавӣ шунавонида шуд.
Дар чорабинии ҳисоботӣ Шуҳрат Самадов, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонон таъкид намуд, ки дар соли равон беш аз даҳ чорабиниҳо гузаронида шуда, барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, инчунин, тарғиби арзишҳои миллӣ, китобхонӣ ва фарохдилӣ корҳои арзишманд амалӣ гардидааст.
— Соли равон аз ҷониби маркази мо дигаргуниҳои назаррас анҷом дода шуд, — гуфт Абдуваҳҳоб Воҳидов, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд. — Хусусан, дар Самарқанд рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба забони тоҷикӣ мебарояд, эҷодкорон дар ин ҷо зиёданд ва барои онҳо тамоми шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Тоҷикони Самарқанд ҳамчун шаҳрванди Ӯзбекистони азизамон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда метавонанд. Аз азал дар ин хок тоҷику ӯзбек бо ҳам дӯсту бародар шуда, риштаҳои хешовандиро низ ба ҳам пайвастаанд. Беҳуда нест, ки моро «Як халқи дар ду забон сухан гӯянда» меноманд. Мо мехоҳем, ки ин муносибатҳо то абад пойдор бошад.
Инчунин, Акбар Маҳмудов, Тошқул Азимзода, Шаҳло Аҳророва, Гулрух Мӯминова ва дигарон дар бораи фаъолияти марказ фикрҳои худро баён намуда, ба корҳои минбаъдаи он муваффақиятҳо таманно намуданд.
Дар поёни вохӯрӣ аз ҷониби шуъбаи минтақавии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд як гурӯҳ нафароне, ки барои пешрафти марказ дар давоми сол саҳми худро ҳамроҳ намудаанд, бо ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
