Дар базмгоҳи «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд барои бачаҳои маҳрум аз пуштибонии волидайн, фарзандони хонаи бачагони оилавӣ ва хизматчиёни ҳарбиёне, ки дар вақти иҷрои вазифа ҳалок гардидаанд, аз шаҳру ноҳияи Самарқанд чорабинии ҷашни «Арчаи Президент» ташкил карда шуд.
Дар маросими тантанавӣ ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирок намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик гуфт.
Пас аз он масъулони ҳокимияти вилояту шаҳрҳо бо ҳамроҳии Бобои Барфӣ ва Духтари Барфӣ ба кӯдакон туҳфаҳои солинавии фиристодаи роҳбари давлатамонро тақдим намуданд.
Барномаи консертӣ, суруду рақсҳои иҷрошуда дар саҳнаи идона оро додашуда табъи кӯдаконро боз ҳам баланд бардошта, ба чорабинӣ хусни хоса бахшиданд.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби чорабиниҳои “Арчаи Президент” дар театри драмавии мусиқии вилоят намоиши спектакли афсонавӣ барои кӯдакон намоиш дода шуд. Бачаҳо дар саҳна воқеаҳои спектаклро бо диққати том тамошо карданд.
Ҷашни “Арчаи Президент” дар ёди кӯдакон ҳамчун лаҳзаи дурахшон ва фаромӯшнашаванда нақш баст.
