Дар маҳаллаи Мирзо Улуғбеки ноҳияи Пастдарғам маросими бошукӯҳи ифтитоҳи «Маркази логистикӣ (Анбори гумрукии озод)»-и корхонаи хориҷии «Indra bonded E-commerce services» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳокими вилоят Адиз Бобоев, масъулони соҳаҳои дахлдор ва намояндагони ҷомеа иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ роҳбари вилоят А.Бобоев ҳозиринро бо фарорасии иди Соли Нав самимона табрик гуфта, ба имкониятҳои васеъ, ки дар кишварамон барои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, махсусан ишора кард.
Мувофиқи маълумотҳо, ин лоиҳа бо ҳамкории ширкати «INDRA GROUP LIMITED»-и воқеъ дар Шанхайи Чин амалӣ карда мешавад. Барои марҳилаи аввали лоиҳа 5,6 миллиард сӯм сармоягузорӣ равона карда шудааст, ки дар натиҷа тақрибан 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Интизор меравад, ки маркази нави логистикӣ тавассути рушди хидматрасонии тиҷорати электронӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди босуръат ва самараноки борҳо ба афзоиши иқтидори иқтисодии минтақа мусоидат кунад.
