Ovozi.uz

Садорати таълим: натиҷа ва нақшаҳо

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоятии Самарқанд Музаффар Ҳамдамов, масъулони садорат ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ оид ба сарҳисоби корҳое, ки аз ҷониби садорат дар соли 2025 амалӣ шудаанд ва нақшаҳои барои соли 2026 пешбинишуда анҷумани матбуотӣ гузаронида шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар маҷмӯъ 296 ҳазору 780 нафар (75,6 дарсад) кӯдакони синни томактабӣ аз ҷониби шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии вилоят дар 781 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ ва 4158 ташкилоти таълими томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ ва давлатӣ) фаро гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин, 789 ҳазору 231 нафар кӯдак дар 1 ҳазору 275 мактаби миёнаи умумӣ ва 55 мактаби ғайридавлатӣ таҳсил мекунанд. 61 ҳазору 808 омӯзгор ба таълиму тарбияи онҳо машғуланд.

Дар соли 2025, 132 ташкилоти таълимии томактабӣ (11 давлатӣ, 8 шарикии давлатӣ-хусусӣ ва 113 ғайридавлатии оилавӣ) таъсис дода шуда, 11 ҳазору 761 нафар кӯдаки дигар ба таълими томактабӣ фаро гирифта шуданд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2024 3,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

— Дар соли 2025, аз 50 ҳазору 284 нафар хатмкунанда, 13 ҳазору 499 нафар (27 дарсад) ба донишгоҳҳои давлатӣ қабул шуданд, — гуфт М.Ҳамдамов. — Ин рақам нисбат ба соли гузашта 4 дарсад зиёд аст. Дар соли 2025, холҳои миёнаи қабул 80,9 холро ташкил доданд, ки нисбат ба соли гузашта 4,4 хол афзоишро нишон медиҳад. Дар 200 мактаби миёнаи умумӣ низоми нави баҳогузорӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳиссаи омӯзгороне, ки сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ доранд, дар байни омӯзгорон дар соли 2025 ба 73,8 дарсад расид. 96 омӯзгори забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои миёнаи умумӣ кор мекунанд. Дар мактабҳо 135 синфхонаи замонавии компютерӣ ташкил карда шуд, 9 ташкилоти таълимии томактабӣ бо тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо таъмин карда шуданд. Дар марҳилаи ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, 4 донишҷӯ аз вилояти Самарқанд ҷоизаҳоро ба даст оварданд.

Илова карда шуд, ки имсол аз вилояти Самарқанд 247 нафар директор дар курсҳои менеҷерӣ таҳсил гирифтаанд ва 183 нафари онҳо сертификат гирифтаанд.

Садорат нақша дорад, дар соли 2026 якчанд биноҳои нави таълимиро бунёд намояд, теъдоди зиёдтари бачаҳоро бо таълими томактабӣ ва мактабӣ фаро гирад ва шумораи омӯзгорони соҳиби сертификатҳои миллӣ ва хориҷиро зиёд кунад.

Анҷуман бо саволу ҷавобҳо идома ёфт.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ