Ovozi.uz

Беҳтаринҳои Самарқанд муайян карда шуданд

Ба муносибати таҷлили Соли нав ҳокимияти вилояти Самарқанд аз рӯи чанд номинатсияҳо озмун гузаронида буд. Пеш аз фарорасии Соли нав ғолибони ин номинатсияҳо муайян ва мукофотонида шуданд. Ҳокими вилоят Адиз Бобоев, ки дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок намуд, ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт.

Аз рӯи ҷамъбасти озмун инҳо мукофотонида шуданд:

Номинатсияи «Беҳтарин ноҳия ва шаҳр»

  1. Ноҳияи Пастдарғам ҷои якум, 100 миллион сӯм;
  2. Ноҳияи Пайариқ ҷои дувум, 50 миллион сӯм;
  3. Ноҳияи Иштихон ҷои сеюм, 25 миллион сӯм.

Номинатсияи «Зеботарин арчаи оро додашуда»

  1. Департаменти ободонӣ ва кабудизоркунии назди ҳокимияти вилоят ҷои якум, 15 миллион сӯм;
  2. Ҳокимияти ноҳияи Ургут ҷойи дувум, 10 миллион сӯм;
  3. Ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ҷои дуввум, 10 миллион сӯм;
  4. Ҳокимияти ноҳияи Қӯшработ ҷои сеюм, 5 миллион сӯм;
  5. Ҳокимияти ноҳияи Булунғур ҷои сеюм, 5 миллион сӯм;
  6. Ҳокимияти шаҳри Каттақӯрғон ҷои сеюм, 5 миллион сӯм.

Номинатсияи “Кӯчаи намунавӣ”

  1. Кӯчаи «Кӯксарой»-и шаҳри Самарқанд ҷои якум, 15 миллион сӯм;
  2. Кӯчаи «Амир Темур»-и ноҳияи Тайлоқ ҷои дуюм, 10 миллион сӯм;
  3. Кӯчаи «Тошкент»-и ноҳияи Ҷомбой ҷои сеюм, 5 миллион сӯм.

«Бинои зеботарин»

  1. Меҳмонхонаи «Movenpick»-и шаҳри Самарқанд ҷои якум, 15 миллион сӯм;
  2. Шуъбаи Агентии кор бо ҷавонони ноҳияи Пахтачӣ ҷои дуюм, 10 миллион сӯм;
  3. Мактаби рақами 52-и шаҳри Самарқанд ҷои сеюм, 5 миллион сӯм.

«Ташкилоти зеботарин оро дода шуда»

  1. Мактаби рақами 2-и ноҳияи Пайариқ ҷои якум, 15 миллион сӯм;
  2. Садорати Агентии кор бо ҷавонони вилояти Самарқанд ҷои дуюм, 10 миллион сӯм;
  3. Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Нарпай ҷои сеюм, 5 миллион сӯм.

«Ташкилотчии фаъолтарин»

  1. Ҷӯраев Бахтиёр Холович (роҳбари Садорати ободонӣ ва кабудизоркунии назди ҳокимияти вилоят) ҷои якум, 25 миллион сӯм;
  2. Нуруллоев Зафар Дехқонович (роҳбари ҳудудии Департаменти ободонию кабудизоркунӣ) ҷои дуюм, 15 миллион сӯм;
  3. Бердимуродов Миролим Асрорович (роҳбари шуъбаи рушноидиҳии берунии Садорати ободонии шаҳри Самарқанд) ҷои сеюм, 10 миллион сӯм.