Ovozi.uz

Мусовии “Ман Сити” ва “Челси” ба фоидаи “Арсенал”

Бозии марказии даври 20-уми Премйер-Лигаи Ангия миёни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Челси” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер доир шуда, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Довари асосии бозӣ Майкл Оливер буд.

Тиҷани Райндерс дар дақиқаи 42-юм ҳисобро ба фоидаи “Манчестер Сити” кушод. Энтсо Фернандес дар дақиқаи 90+4 бо голаш “Челси”-ро аз бохт наҷот дод.

Муҳофизатгари ӯзбекистонии «Манчестер Сити» Абдуқодир Хусанов дар дақиқаи 51-ум ба ҷои Йошко Гвардиол ба майдон омад.

Пас аз ин бозӣ, “Манчестер Сити” бо 42 имтиёз дар ҷадвали Премйер-Лига дар ҷои дуюм ва “Челси” бо 31 имтиёз дар ҷои панҷум қарор доранд.

“Арсенал” дар ин давр бар “Борнмут” дар сафар бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба ба даст оварда, ҳоло бо 48 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, “Челси” бо “Фулҳэм” дар шаҳри Лондон ва “Манчестер Сити” бо “Брайтон” дар шаҳри Манчестер бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ 8-уми январ доир мешавад. Пешсафи ҷадвали мусобиқа “Арсенал” дар ин давр бо “Ливерпул” дар хона бозӣ мекунад.