Ovozi.uz

Қадамҳои устувор

Дар солҳои охир ҷалби наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои муҳими тарбия ва рушди насли наврас ба ҳисоб меравад. Машғулиятҳои варзишӣ на танҳо саломатиро мустаҳкам месозанд, балки дар ҷавонон ҳисси масъулият, интизом, иродаи қавӣ ва боварӣ ба ояндаи худро низ ташаккул медиҳад. Хушбахтона, имрӯз миёни наврасон нафароне ҳастанд, ки бо заҳмату талош дар ин роҳ қадамҳои устувор мегузоранд.

Яке аз чунин наврасони фаъолу соҳибистеъдод Ганҷинабону Тоҳирова мебошад. Ӯ соли 2013 дар маҳаллаи Деҳнав ба дунё омада, соли 2019 ба мактаби таҳсилоти умумии рақами 22-и ноҳияи Самарқанд ба синфи якум қабул шудааст. Айни ҳол хонандаи синфи 6-ум буда, бо рафтору дониши хубаш дар байни ҳамсабақон ва устодон соҳиби эҳтиром аст.

Шавқу ҳаваси Ганҷинабону ба варзиш аз овони хурдсолӣ оғоз ёфтааст. Ӯ ба варзишгарони машҳур ҳавас намуда, орзу дорад, ки рӯзе мисли онҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегардад. Аввалин қадамҳои худро ба шоҳроҳи варзиш дар маҳфили “Каратэ”, ки дар мактаб ташкил шуда буд, гузошт.

Падару модараш Ғайрат Шамсиев ва Моҳигул Ёдгорова шавқу истеъдоди варзишии фарзанди худро дида, ӯро ба маҳфили варзишӣ, ки дар маркази “Баркамол авлод” амал мекунад, бурда монданд.

Аз соли 2023 Ганҷинабону дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз рӯйи каратэ фаъолона иштирок намуда, бо натиҷаҳои назаррас соҳиби медал ва дипломҳо гардидааст. Ин муваффақиятҳо ӯро боз ҳам руҳбаланд намуда, иродаашро қавитар мегардонад.

Инчуни, аз соли 2024 Ганҷинабону аъзои дастаи баскетболбозони мактаб низ мебошад. Ӯ дар мусобиқаҳои баскетбол, ки дар шаҳри Самарқанд, вилояти Навоӣ ва шаҳри Нуқус баргузор гардиданд, иштирок карда, шаъни мактаби ҷонаҷонашонро баланд мебардорад.

Имрӯз Ганҷинабону Тоҳирова ҳамчун наврасе шинохта мешавад, ки бо заҳмат, иродаи қавӣ ва дастгирии оилааш қадамҳои устувор ба сӯи қуллаҳои баланди варзиш мегузорад ва дар Соли нав комёбиҳояш боз бештар мегарданд.

Ирода ХУРРАМОВА