Мувофиқи тартиби нав, ҷараёни интихоби директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна аз ҷониби Шӯрои директорон ҳал карда мешавад. Яъне, номзаде, ки аз суҳбати Шӯрои директорон мегузарад, дар асоси тавсияи Шӯро аз ҷониби идораҳои ҳудудӣ ба вазифаи директори мактаб таъин мегардад. Ин тартиб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26-уми майи соли 2023 «Дар бораи чораҳои ташкили самараноки фаъолияти Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, инчунин ташкилотҳои сохтори он», инчунин бо фармони Вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ «Дар бораи ташкили фаъолияти Шӯрои директорони муассисаҳои таълими умумии миёна» муайян шудааст.
Ба вазифаи директори вакантӣ танҳо номзадоне метавонанд ҳуҷҷат супоранд, ки сертификати менеҷерӣ доранд. Аммо на ҳамаи соҳиби сертификат аз суҳбат мегузарад — аз директори оянда дониш, таҷриба ва қобилияти роҳбарӣ талаб карда мешавад.
Агар ба фактҳо ва рақамҳо муроҷиат кунем, соли 2025 Шӯрои директорони вилояти Самарқанд бо 97 нафар номзад суҳбат гузаронд ва онҳо аз ҷониби Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ба вазифаи директорӣ таъин шуданд. Ҳамзамон, баъзе номзадон аз суҳбати Шӯро нагузаштанд.
Дуруст, гирифтани сертификати менеҷерӣ осон нест. Аммо доштани сертификат маънои директор шуданро надорад. Роҳбарӣ низ масъулияту вазифаҳои худро дорад. Баъзан номзадон дар ҷараёни суҳбат ваъдаҳои калон медиҳанд: баъзеҳо онҳоро иҷро мекунанд, баъзеи дигар — не. Масалан, директорони навтаъиншуда — Нодирҷон Меликов, директори мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳияи Тайлоқ ва Азамат Ваҳобов, директори мактаби миёнаи рақами 156 ноҳияи Ургут, метавонанд ҳамчун намуна оварда шаванд. Фаъолияти онҳо аз ҷониби Шӯро баҳои «аъло» гирифт. Вале фаъолияти баъзе директорон камбудиҳо низ дорад. Ба директороне, ки таҷрибаи роҳбарӣ ва малакаи кофӣ надоранд, маслиҳат дода мешавад.
Муаммое, ки моро нигарон мекунад, ҷойҳои холии директорӣ аст. Дар шаҳрҳо мушкил нест, аммо дар деҳоти дурдаст баъзе мактабҳо бе директор мондаанд. Барои пешгирии ин муаммо, ҳамчун омӯзгори собиқадор як пешниҳод дорам: ҳар як директори мактаб бояд ду захираи дорои сертификати менеҷерӣ омода кунад. Масалан, агар ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ ва муовини директор оид ба корҳои маънавию маърифатӣ сертификати менеҷерӣ гиранд, ин нуран аъло нур мешуд.
Дар бораи фаъолияти Шӯрои директорон низ чанд сухан. Шӯро на танҳо суҳбати директоронро мегузаронад, балки вазифаҳои дигар низ дорад. Аз ҷумла, он нақшаи рушди шахсии директорони навтаъиншударо то ду сол назорат мекунад, барои маъмурияти мактабҳо (директорон ва муовинон) дар ҳар семоҳа ҳадди ақал як семинар-тренинг мегузаронад, инчунин бо мақсади таъмин намудани муҳити солим дар идоракунии мактаб дар байни омӯзгорон ва волидайн пурсишномаҳо мегузаронад.
Ҳоло дар Шӯрои директорони вилоят 9 нафар аъзо фаъолият доранд, ки дар асоси назорати ҷамоатӣ кор мекунанд. Аъзои Шӯро аз миёни директорони беҳтарин, ташаббускор ва соҳибтаҷрибаи вилоят интихоб шудаанд.
Масалан, мактаби таҳсилоти умумии рақами 26-и ноҳияи Тайлоқ, ки ман роҳбарӣ мекунам, дар бисёр самтҳо пешсаф буда, аз рӯи қабули хонандагон ба таълими олӣ ва дигар нишондиҳандаҳо дар ноҳия ҷои аввал ва дар вилоят чанд сол боз мавқеи хубро нигоҳ медорад. Қариб 60 фоизи омӯзгорон дараҷаи олӣ ва категорияи якум доранд, илова бар ин, 30 фоиз соҳиби сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Мо ният дорем, ки ин нишондиҳандаро боз ҳам баланд бардорем, ки ин худ ба худ ба болоравии сифату самаранокии таълим мусоидат мекунад.
Юлдуз Абдураҳмонова,
узви Шӯрои директорони вилояти Самарқанд,номзади илмҳои география.
