Ovozi.uz

Як зан пас аз як сӯзандору вафот кардааст

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки дар ноҳияи Пайариқ як зан пас аз танҳо як сӯзандору (укол) вафот кардааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки зани соли таваллудаш 1992, аз рӯи гуфтаи наздиконаш моҳи январи ҳамин сол барои табобат ба яке аз шифохонаҳои хусусии ноҳия муроҷиат мекунад. Ӯ ба шифохона барои табобати бемории гинекологӣ меравад ва рӯзи сеюми муолиҷа вафот мекунад. Шифокор ба наздикони бемор гуфтааст, ки “ин ҳолат пас аз наркоз рӯй дод”, аммо хешу таборон таъкид мекунанд, ки зан ҳеҷ гуна муолиҷае бо наркоз нагирифта буд.

Ҳангоме ки дар клиника аҳволи зан вазнин шуд, табибон бо роҳбарии духтур ӯро ба беморхонаи рақами 1-и Челак, ки ба Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Пайариқ тааллуқ дорад, меоранд. Масъулони Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Пайариқ мегӯянд, ки зан ба беморхона дар ҳолати марги биологӣ оварда шудааст.

Масъулони Садорати тандурустии вилоят қайд карданд, ки клиникаи хусусие, ки марҳума дар он табобат гирифтааст, ба феҳристи клиникаҳои хусусӣ дохил нашуда, иҷозатнома (лицензия) надорад. Табибе, ки дар ин клиника ба бемор хизмат расондааст, аз соли 2021 инҷониб дар муассисаҳои давлатии тиббӣ фаъолият накардааст.

Мувофиқи маълумоти Прокуратураи вилоят, вобаста ба марги зани соли таваллудаш 1992 дар ноҳияи Пайариқ аз ҷониби прокуратура санҷиши пешазтафтишотӣ оғоз гардидааст. Барои муайян кардани сабабҳои марг экспертизаи тиббию судӣ таъин карда шудааст.