Дар Ӯзбекистон платформаи ягонаи виртуалӣ барои осорхонаҳои давлатӣ ва осорхона-мамнӯъгоҳҳо ба кор шурӯъ кард. Ин роҳу усули тарғиботи осори фарҳангӣ ба аҳолӣ ва меҳмонон имкон медиҳад, ки экспонатҳои осорхонаҳоро ба тарзи онлайн бубинанд, хабар медиҳад хидмати матбуотии Агентии мероси фарҳангӣ.
Дар айни замон, ин платформа тасвирҳои 360-дараҷавии зиёда аз 20 намоишгоҳи бузургтарини кишварро дар бар мегирад. Истифодабарандагон метавонанд ба таври интерактивӣ толорҳои осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва намоишгоҳҳои беназирро омӯзанд, инчунин дар бораи таърих ва арзиши фарҳангии онҳо маълумот гиранд.
