Ovozi.uz

Баргузории шӯрои машваратии ҷамъиятии соҳибкорон

Дар Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд ҷамъомади навбатии Шӯрои машваратии ҷамъиятии соҳибкорони назди ҳокими вилоят баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, аъзои Шӯро, соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ширкат доштанд. Ҷамъомад масъалаҳои дар минтақа беҳтар кардани сифати тайёр кардани кадрҳо ва тақвияти ҳамкории байни таълиму истеҳсолотро фаро гирифт.

Мавзӯи асосии муҳокимаҳо густариши ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ ва субъектҳои соҳибкории вилояти Самарқанд дар асоси тамоюлҳои таълими дуалӣ буд. Аз ҷумла, дар самтҳои иштироки мустақими донишҷӯён дар ҷараёнҳои истеҳсолӣ, ташаккули малакаҳои амалӣ ва мутобиқсозии таҳқиқоти илмӣ бо эҳтиёҷҳои бахши воқеӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонишини аввали ректор оид ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавӣ-маърифатии Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Самарқанд Шерзод Узоқов дар бораи фаъолияти донишгоҳ ва ҳамкории байналмилалӣ ҳарф зад.

— Имрӯз дар донишгоҳ тақрибан 9 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд ва тақрибан 400 профессор ва омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд, — гуфт ӯ. — Муассисаи таълими олӣ 4 факултет дорад ва ҷараёни таълим дар асоси 39 барномаи бакалаврӣ, 13 магистрӣ ва 16 барномаи докторӣ ташкил карда шудааст.

Ҳокими вилоят Адиз Бобоев қайд кард, ки ҳамкории наздики муассисаҳои таълимӣ ва соҳибкорон дар рушди иқтисоди минтақа ва тайёр кардани кадрҳои рақобатпазир ва муосир аҳамияти калон дорад. Ӯ, инчунин қайд кард, ки дар асоси пешниҳодҳо ва ташаббусҳои соҳибкорон татбиқи лоиҳаҳои муштарак зарур аст.

Дар охири ҷамъомад вазифаҳои мушаххас оид ба роҳандозӣ намудани таълими дуалӣ, корҳои муштараки тадқиқотӣ ва таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ муайян карда шуданд.