Бозии марказии даври 25-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои пурқуввати «Ливерпул» ва «Манчестер Сити» таваҷҷуҳи асосии мухлисони футболро ба худ ҷалб мекунад. Ин дидор рӯзи 8-уми феврал, соати 21:30 ба вақти Тошканд дар варзишгоҳи машҳури «Энфилд»-и шаҳри Ливерпул баргузор шуда, интизор меравад фазои гарму пуршӯри мухлисон ба бозӣ ранги дигар бахшад.
«Ливерпул» зери роҳбарии мураббӣ Арне Слот пас аз оғози душвори соли 2026 ниҳоят дар даври гузашта муқобили «Нюкасл» ба пирӯзии аввалини худ дар соли ҷорӣ ноил гардид. Ин натиҷа метавонад ба «мерсисайдҳо» рӯҳияи баланд бахшида, онҳоро пеш аз рақобати муҳим бо яке аз рақибони асосии чемпионат омода созад.
Дар навбати худ, «Манчестер Сити» таҳти сарварии Пеп Гвардиола низ соли 2026-ро бо натиҷаҳои яксон бо «Ливерпул» оғоз кардааст. «Шаҳриҳо» танҳо бар «Вулверхэмптон» пирӯз шуда, мехоҳанд бо ба даст овардани се имтиёзи муҳим дар «Энфилд» мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқа беҳтар намоянд.
Ёдовар мешавем, бозии дастаҳо дар нимаи аввали мавсим ба фоидаи «Манчестер Сити» бо ҳисоби 3:0 дар варзишгоҳи «Иттиҳод» анҷом ёфта буд. Акнун шогирдони Арне Слот талош доранд дар майдони худ қасди он бохтро гирифта, ба мухлисони худ пирӯзии муҳим тақдим намоянд. Ин дидор метавонад ба ҷараёни мубориза барои ҷойҳои болоии ҷадвали Премйер-Лига таъсири ҷиддӣ расонад.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Манчестер Сити» бо 47 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. Қаҳрамони феълии мусобиқа тими «Ливерпул» бо 39 имтиёз дар зинаи шашум маскан гирифтааст. «Арсенал» бо 53 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.
