Шодбош
Нормурод Каримзода шоири зуллисонайн ҳавзаи адабии Самарқанд имрӯзҳо дафъаи 75-ум аз боғи умри хеш гул мечинад. Мо бо фарорасии рӯзи саидаш сайъ кардем, ки бо чанд суол вориди дунёи дили соҳибҷашн шавем ва аз сиру асрори дарёи эҷодиёташ огоҳӣ ёфта, ба мухлисони рӯзнома мужда расонем.
Мо бо дӯсти ҷонӣ ва ҷавониам Нормурод Каримзода дар як мактаб таълиму тарбия гирифтем ва аз талхию ширини рӯзгор, шавқу завқ, ҳиссу ҳаяҷон, орзую омоли якдигар каму беш хабар дорам. Бо вуҷуди он боз чанд савол ба миён омад:
— Ҷӯраи ҷон, мегӯянд, ки синну соли шоирро аз шеъру ғазалҳояш фаҳмидан мумкин аст. Ҳеҷ боварам намеояд, ки шумо аллакай марраи 75-ро убур карда, рақами 100-ро ба нақшаи мақсуд кашидаед. Зеро барҳақ пири барнодили ҷавонрафтор, ҷавонгуфтор, ҷавонтабъ ҳастед.
— Ҷавоби камина бо лафзи ширини Абдураҳмони Ҷомӣ аст:
Вақтро гуфтаанд теғи бурон,
Ки бувад бе таваққуф ӯ гузарон.
Ҳар куҷо тез бигзарад он теғ,
Во нагардад ба вой-вою дареғ.
Ман ба насиҳату маслиҳати бузургон: “Умрро медон ғанимат ҳар нафас, чун равад, дигар наёяд боз пас” амал карда ба ҳоли қудрат қариб бист номгӯй китобҳои гуногун навиштам ва баъзе шеърҳоямро ҳофизон суруда таъби ҳозиронро болида месозанд.
— Ба фикри Шумо шоир кист ва шеър чист?
— Ба қавли донишманди бузург Халил Ҷуброн “Шоир ҳам падар, ҳам модари забон аст. Забон ба ӯ итоат мекунад, аз паи ӯ меравад, ӯ истад, забон ҳам аз ҳаракат бозмемонад”.
Илҳом ва ҷунун бошад, шеър ба дунё меояд. Мафҳуми “шеър” хеле доманфарох аст. Андрей Вознесенский шеърро мӯъҷиза медонад. Бе ҳиссиёт, садо ва санъати сухан тасаввур кардани мӯъҷизаи шеър ғайриимкон аст. Афсӯс, ки имрӯз бисёриҳо аз шеър дур шудаанд, ба ин олами маънавӣ сару кор надоранд.
Хушбахтона, ҳанӯз дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд аз устодони каломи бадеъ Неъмат Шарифзода ва Бердӣ Ҳамроев, дар Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд аз адибон Хуршед Қамар ва Салим Кенҷа дар бораи шеъру шоирӣ сабақҳои аввалин гирифтаам. Аз ҳамкории кӯтоҳмуддат бо бузургони сухан Ҳасан Ирфон, дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”) бо шоири зуллисонайн Ҷонибек Қувноқ дониш ва малакаи эҷодии камина такмил ёфт. Худомӯзии доимӣ, вохӯрӣ ва сӯҳбатҳои хотирмон бо аҳли адабу фарҳанг, устодони сухан Мирзо Турсунзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Маъруф Отахонзода, Мӯҳсин Умарзода, Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Сицилия Бону, шарқшиносон Наҷмиддин Комилов, Шавкат Шукуров, Султонмурод Олим, Ҷаъфар Муҳаммад ва даҳҳо дигарон маро бештару беҳтар ба ин соҳаи фарҳанги бостонӣ мутаваҷҷеҳ намуд. Дар назди руҳи поки устодони шодравон маънан қарздорам.
— Шумо мавзӯи ба қавле “теша нарасида”, яъне пурмӯҳтаво ва ҷолиби диққатро чӣ хел пайдо мекунед?
— Ҳар як асари бадеӣ, чӣ шеъру достон, чӣ қиссаву ҳикоя ҳосилаи заҳмат, ҷустуҷӯ, андеша ва рӯйдодҳои воқеӣ мебошад. Як мисол. Дар сиҳатгоҳи “Зарафшон” истироҳат мекардам. Дидам, ки аз ҳавлии он руди Оби раҳмат ҷорӣ мешавад. Дар борааш шеъре навиштам. Сипас бо маслиҳати устодон Салим Кенҷа ва Аслиддин Қамарзода ин шеър ба достон табдил ёфт, ки аз гузаштаи пурифтихор, аҳволи ҳузнангези ҳозира ва ояндаи ислоҳталаби он ҳикоят мекунад. Достон ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ (тарҷумон Хумии Самарқандӣ, рӯҳаш шод бод!) дастраси хонандагон шуд ва таваҷҷӯҳи аҳли илму адаб, бостоншиносон, пажуҳишгаронро ба худ ҷалб кард. Пас аз ин достонҳои “Қобил ва Ҳобил”, “Восифӣ дар Самарқанд”, “Никоҳ ва оила”, “Равзаи Хаёл”,“Хоҷа Кафшер”, “Алвидоъ, тоҷвирус!”, “Ҳурмузд ва Аҳриман”, “Об-рӯшноӣ” ва дигарҳо нашр шуданд. Зеро вазифаи шоир тараннуми зиндагии нав, пешравӣ, ҳалли муаммои сарбаста, пайдо кардани нерӯи илҳомбахш ва ғайра мебошад.
Ҳар як шеър ҳам ҷанбаи воқеӣ, асоси ҳаётӣ дорад, ки бофтаҳои хаёлӣ, гирумони сухан, вазну қофия ва оҳанги хосро соҳиб аст. Зиндагӣ саршор аз мавзӯъ ва шебу фароз мебошад. Шоир дар оғӯши ҳаёти серташвиш умр ба сар мебарад ва ба ин талхиву ширинӣ, бадиву некӣ набояд бефарқ бошад. Мақсад ва вазифаи шеър ба дараҷаи пешрафти ҷамъият ва мақоми ҳар як фард дар он созгор будан аст. Ва боз: асоси зебоии шеър ба дарёфти мавзӯи тозаи воқеӣ, тасвири дилнишину ғайри чашмдошт вобаста мебошад.
Воқеъан, кадоме навишта будааст: “шеър хуршед аст. Хуршеде, ки бо доғҳо ва нурафшониҳо ин ҷаҳонро равшан мекунад”.
— Имрӯзҳо мардум Каримзодаро на танҳо шоири маъруфи Самарқанд, инчунин устоди зумрае аҳли сухан эҳтиром мекунад.
— О, додари гиромӣ, 55 соли умри банда бо касби омӯзгорӣ дар мактаб ва Донишкадаи давлатии педагогии бо номи устод С.Айнӣ, роҳбари дар Маркази эҷодии наврасон, шӯъбаи маънавият ва маърифат, хазинаи хайриявии “Нуроний” ва таҳририяти рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” сипарӣ шуд. Шукронаҳо мекунам, ки дар байни толибилмон истеъдодҳои назаррас кам нестанд. Аз ҷумла, метавонем дотсент Абдуваҳҳоб Воҳидов, рӯзноманигор, омӯзгор ва шоирон Баҳодури Раҳмон, Дилрабо Насимӣ, Озод Ҳамидзода, Исматилло Аҳрорқулов, Салим Ғиёсов, Шамсиддин Ваҳҳобов, Комил Ҷӯрақулов, Файзулло Нарзуллоев, Маъруфҷон Каримов, Сайёра Мирсаидова, Манзура Зарипова, Замонгул Раҳмонбердиева (аз Пском) Ҳабибулло Неъматуллоев, Турдибой Эсонбоев, Мизроб Ваҳоббов, Олимҷон Насимов ва дигаронро номбар кунем. Фаромӯш набояд кард:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
— Агар касби омӯзгориро интихоб намекардед, соҳиби кадом касб мешудед?
— Раҳматӣ падарам мехостанд сартарош шавам. Аммо тақдир дигар хел маҷро гирифт…
— Сафар кардан ҷаҳон дидан аст. Магар ҳамин тавр нест?
— Оре. Ба ин маънӣ чӣ хуш гуфтааст шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода:
Сайри олам кардан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Адабиёти ҳазорсолаи мо дар бораи сайру сафарҳои суханварони бузург мисолҳои зиёде дорад. Алломаҳои Шарқ, шайх Саъдии Шерозӣ, Носири Хисрав, Ибн Сино, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Зайниддин Восифӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дар ин хусус ёддоштҳои беназир навиштаанд.
Ман ҳам дар кишварҳои хориҷӣ-Олмония, Чехия, Эрон, ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи шӯравӣ шудаам. Чанде пеш бо дӯстони қарину дерин профессор Аҳмадҷон Солеев ва тадбиркори номдор Фарҳод Ҳоҷиев дар Ветнам сафари эҷодӣ доштем. Таассуротҳои сафар менависам ва он шояд дар рӯзномаву маҷаллаҳо рӯи чопро бинад.
— Дар Самарқанд ҳазорҳо олиму шоирони девондор ба камол расидаанд. Мавқеи адабии зодгоҳи хешро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Мақоми Самарқанд дар таърихи башар на танҳо ба эътибори бостонӣ будани шаҳр, балки аз марказҳои муҳимтарини тамаддун ҳисоб ёфтани он, баланд аст. Ифтихор дорам, ки ман дар ҳамин маскан мутаваллид шудаам. Дар бораи Самарқанду самарқандиён бисёр адибони халқҳои олам асарҳо таълиф намудаанд ва ин иқдоми нек идома дорад. Ман ҳам ба ҳоли қудрат чанд достону шеъру ғазал эҷод кардаам.
Боиси хушнудист, ки замини Самарқанд шоирхез буд ва ҳамин тавр хоҳад монд. Ҳангоми аз назар гузаронидан рӯзномаҳои “Гулобод тонги”, “Овози Самарқанд” маҷаллаҳои “Дурдонаи Шарқ”, “Буюк Турон” дар назм номҳои навро дида, табъам болида мешавад, ки анъанаи неки шеъру ғазалнависӣ идома дорад…
— Кадом хислатҳои неки инсониро қадр мекунед?
— Некӣ кардан, дил ба даст овардан, лутфу эҳсон, мардӣ, хоксорӣ, росткорӣ, аҳду вафо, самимият. Бидуни чунин сифатҳо инсон ба обрӯву мартабае нарасад.
— Аҷиб, дар сулолаи Каримзодаҳо эҷодкорони наврас ҳастанд?
— Писари калонӣ Умедҷон ва духтаронам Азизаву Баҳора гоҳ-гоҳ ба ин ё он муносибат табрикномаҳои лирикӣ менависанд, машқи шеъру ҳикоя мекунанд, андешаҳои судбахши худро изҳор менамоянд. Писари кенҷаам Давлатҷон (ҳоло дар Москва) бо ҳазлу мутоибаҳои ҷолиб табъи моро болида медорад. Умедам аз мағзи бодомҳо. Набераҳоям бо забони модарӣ шеърҳои зиёд медонанду мехонанд. Аммо дил мехоҳад, ки онҳо ба китоб ва мутолиаи асарҳои бадеӣ бештару ҷиддитар эътибор диҳанд.
Хушбахтии мову шумо дар он аст, ки кишвари осоиштаву инсонпарвар дорем. Қадри инсон ғояи устувори ҷомеа мебошад.
Тараққиёт рӯз аз рӯз суръати нав, ҷозибаи ҷолиб, нерӯи ҳаётбахш пайдо мекунад, эътибору эътирофи ҷаҳониёнро меафзояд.
— Шеъри беҳтаринатон кадом аст?
— Ин сифат нисбӣ мебошад. Беҳтарин шеърро шояд нагуфта бошам. Аммо суханҳои бикру ашъори нонавишта бисёранд. Ҳусну кубҳи навиштаҳоямро мунаққидони варзида, шеършиносони касбӣ ҳаллу фасл намоянд, айни муддао мешавад.
Ман намедонам, ки шеърам рафт оё бар даре,
Бӯсае бигрифт оё аз лаби гулдухтаре?
Маҳфилоро кард обод як нафас ҳамроҳи ҷом,
Шӯълае ангехт оё бар диле чун ахтаре.
Шеъри хуб ҳам ошнову раҳнамои одам аст,
Дардҳоро марҳам асту ормони олам аст.
Ёдгор аз Рӯдакӣ, Хайём, Лоиқ, Мулҳам аст,
Ҳар куҷо, ки шеър бошад, меҳр бошад ҳам кас аст.
— Барои суҳбати самимона ташаккур! Бори дигар 75-умин баҳори умратон муборак бод!
СУҲБАТОРОЁН:
Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, профессор, доктори фанҳо, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, узви иттифоқи нависандагони Ҷумҳури Ӯзбекистон
